БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 12

Сентябрь 14, 2018 15:12

ДУШАНБЕ, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Харитаи макони баргузории Бозиҳои осиёӣ фарохтар гардида, бори аввал дар яке аз кишварҳои пешрафтаи арабии Осиё-Давлати Қатар қарор гирифт. Дар мубориза барои гузаронидани Бозиҳои осиёии XV-ум шаҳрҳои Делҳии Ҳиндустон, Гонконги Чин, КуалаЛумпури Малайзия ва Давҳаи Қатар мубориза бурданд. Аловиддин БӮРИЕВ, шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» таърихи баргузории Бозиҳои осиёиро варақ мезанад.  

Давлати Қатар яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳисоб рафта аз нигоҳи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад. Саноаташ тараққӣ карда аз нигоҳи захираи гази табии дар ҷаҳон дар зинаи 3-ум ва фурӯши он ба кишварҳои ҳамсоя дар зинаи шашум ҷойгир шудааст. Макони баргузории Бозиҳои осиёӣ интихоб шудани  шаҳри Давҳаи Қатар шояд аз ҳамин хотир бошад. Соли 2002 дар Бозиҳои осиёии шаҳри Бусани Кореяи Ҷанубӣ аз 41 узви Шӯрои олимпии Осиё 22 -тоаш ба тарафдории   пойтахти Қатар-шаҳри Давҳа райъ доданд.

Бозиҳои осиёии XV-ум дар Қатар аз 1-ум то 15-уми декабри соли 2006 ҷараён гирифтанд¸ки дар он 9520 варзишгар аз 45 кишвари Осиё ширкат вазида, барои 424 маҷмӯаи медалҳо аз рӯи 39 намуди варзиш бо ҳам мусобиқа оростанд.

Тимсол ё рамзи Бозиҳо Орикси қатарӣ (Qatari Oryx) интихоб шуд.

Мутаасифона дар Боизҳои осиёии Қатар Ким Хён Чир асптози Кореяи Ҷанубӣ, дорандаи медалҳои нуқраи Бозиҳои осиёии Бусан-2002  дар рафти мусобиқа ҳангоми аз монеа паридани аспаш аз он суқут кард ва ҷон бохт. Ин рӯҳияи Бозиҳоро дар Қатар коста кард.

Дар Бозиҳои 15-уми осиёӣ аз Тоҷикистон 103 варзишгар дар намудҳои гуногуни варзиш иштирок кард.  Бори аввал дар таърихи Бозиҳои осиёӣ ва таърихи варзиши Тоқикистони соҳибистиқлол ду нафар варзишгарони мо медалҳои тиллои Бозиҳои осиёиро ба даст оварданд ва ду нафари дигар барандаи медалҳои биринҷӣ шуданд.

Аввалин медали тиллои Бозиҳои осиёро гурзпартои тоҷик Дилшод Назаров ба сабади дастовардҳои варзиши Тоҷикистон ворид кард.

8-уми декабри соли 2006 ӯ гурзро ба масофаи 74 метру 43 сантиметр партофта, аз ҳама пеш гузашт ва ҷои якумро фатҳ кард. Пас аз ӯ Алӣ Аззинқавӣ аз Кувайт (73,14) ва Ҳироаки Доӣ аз Япония (69,45) соҳиби ҷойҳои дуввум ва сеюм шуданд. Дар ин мусобиқа 10 нафар барои медалҳо мубориза бурданд.

Медали тиллоӣ Дилшод Назаров дар Бозиҳои осиёӣ барои ӯ аввалин медали шоёне буд  дар роҳи пурпечутоби варзиш. Дар Бозиҳои осиёии Бусан, чор сол пеш Дилшод дар ҷои 9-ум қарор гирифта буд. Соли 2004 дар аввалин ширкаташ дар Бозиҳои олимпӣ низ кораш омад накард ва бо хатоҳои фаннӣ аз он берун омад. Акнун гуфтан мумкин буд, ки Дилшод қадамҳои устувори худро барои ба даст овардани унвонҳову медалҳо баъди Бозиҳои осиёии Давҳаи Қатар мегузорад.

Аз Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс касе умеди ба даст овардани медали тиллоии Бозиҳои осиёиро дошт ё не, намедонам. Аммо ин боксчии ҷавони 20-сола ҳамаро водор кард, ки дар борааш ҳарф зананду нависанд, гузоришҳои муфассал омода намоянд.

Мусобиқаи боксчиён хеле дер анҷом ёфт. Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 81 килограмм дар нахустин дидораш бо муштзани чинӣ Зянг Хиопинг, ки як сол пас барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё ва Чемпиони олимпии соли 2008 гардид, бо натиҷаи ҳангуфти 23-13 ғалаба кард ва дар зӯрозмоии дуввум бо муштзани қазоқ Ердос Жанабергенов вориди ринг шуд. Ердос як сол пеш медали тиллоро байни боксчиёни ғайрикасбӣ (соли 2005) мушарраф гардида буд. Ҷаҳон Қурбонов ба ӯ ягон имконият надода бо ҳисоби 33-21 шикаст дод ва роҳи худро ба бозии нимниҳоӣ ҳамвор кард. Меҳдии Қурбонӣ аз Эрон дар ин набрди тақдирсози нимниҳоӣ пеши роҳи Ҷаҳон Қурбоновро боздошта натавонист ва муштзани ҷасури мо ӯро пеш аз мӯҳлат ҳолашро табоҳ кард ва довари ринг маҷбур шуд, ки мусобиқаро боздорад ва муштзани эрониро аз ин ин бӯрон берун кашад.

Намояндагони варзишӣ Тоҷикистон аз ин ҳунари волои Ҷаҳон Қурбонов ба ваҷд омада буданд. Боз як қадами дигар ва медали тилло насиби мо мегардид. Акнун намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Сонг Ҳак – сунг   рақиби навбатии Ҷаҳон Қурбонов   дар муқобили ӯ ба ринг ворид шуд. Аз зарбаҳои Ҷаҳон толор меларзид, мухлисон ба ваҷд омада буданд. Натиҷаи 30-15 ӯро чемпиони Бозиҳои осиёӣ кард.

Алабтта бо чунин варзишгарон ҳама кишварҳо ифтихор мекунанд. Бори дуввум ба хотири пирӯзии варзишгари тоҷик парчами Тоҷикистон барафрохта шуд ва суруди миллӣ танинандоз гардид.

Ҷаҳон Қурбонов 12-феврали соли 1986 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) ба дунё омадааст. Ба Ҷаҳон муваффақ шудааст, ки баъдан дар Бозиҳои олимпии солҳои 2008 ва 2012 иштирок кунад.

Дар мусобиқаи боксчиён дар вазни 60 килограмм Маъруфҷон Файзуллоев ширкат варзида дар вохӯрии аввалаш бар Сайёд Наврузӣ аз Эрон пеш аз мӯҳлат ғалаба карда, дар рақобати дуввум бо Берик Калиеви қазоқ баробар натиҷа нишон дод (24-24), вале доварон бартариро ба боксчии қазоқ мансуб донистанд.

Шералӣ Маҳмадалиев дар вазни 69 килограм бар Т. Гулунтумор аз Муғулистон ва Абдулазиз Яҳёӣ аз Амороти Мутаҳидаи Араб пеш аз мӯҳлат ғалаба кард вале  аз Анкхан Чомпупуанг аз Таиланд (29-21) мағлуб шуд.

Боксчиёни тоҷик Сарвар Ҳоҷимуродов дар вазни 75, Хуршед Ҷӯраев дар вазни 64 ва  Константин Макраусов дар вазни 91 килограмм аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

Бори аввал дар Бозиҳои осиёӣ намояндагони Таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон  низ ширкат карданд. Агар Матин Бобоев дар вазни то 58 килограмм, Шаҳобиддин Саидов дар вазни то 62, Исломиддин Фозилов дар вазни то 72 килограмм дар даври якум ва дуввум аз ҳарифон ноком шуда  бошанд, пас аввалин медали биринҷии Бозиҳои осиёиро Шокирҷон Раҷабов дар бардошти 84 килограмм соҳиби кард. Ӯ дар ин вазн Паб Синлейро аз Филиппин (6-1) ва Муҳаммад Халоро аз Фаластин (4-1) мағлуб карда дар бозии нимфиналӣ аз Парк Кийон- ҳунг(6-0) шикаст хӯрд ва медалҳои биринҷиро ба гардан овехт.

Чор нафар гӯшигирони намуди ҷудо -Олимҷон Зикаев то 60 кг, Расул Боқиев то 66, Рауф Ҳукуматов то 81 ва Маҳмадамин Хонов дар вазни беш аз 100 килограмм дар рақобатҳо ширкат варзиданд. Танҳо ба Расул Боқиев муясар гардид, ки аз дигарон беҳтар ҳунарнамоӣ кунад.

Дар аввалин зӯрозмоӣ Расул бо Ли Вон-ҳӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, ки баъдан чемпиони Бозиҳои осиёӣ гардид, рӯ ба рӯ шуд ва бо натиҷаи на он қадар намоён (0001-0000) мағлуб гардид. Ин ба ӯ имкон дод, ки муборизаро барои медалҳои биринҷӣ идома диҳад. Баъдан сари роҳи худ Халифа Алқубайсиро аз Амороти Мутаҳидаи Араб (0000-1101), Масеҳ Наониро аз Сурия  (0000-1000), Закария Муродиро аз Эрон (0000-0010) ва Ким Чой –суро аз Кореяи Шимолӣ (0000-0100)  паси сар гузошта , соҳиби медали биринҷӣ гардид. Барои Расул Боқиев ин аввалин медали байналмилалӣ дар шоҳроҳи варзиш буд.

Натиҷаи медалҳо дар Бозиҳои осиёии XV-ум дар Қатар

 

ҶОЙ ДАВЛАТҲО ТИЛЛО НУҚРА БИРИНҶӢ ҶАМЪ
1  Чин 165 88 63 316
2  Ҷумҳурии Корея 58 52 82 192
3  Ҷопон 50 71 78 199
4  Қазоқистон 23 20 42 85
5  Тайланд 13 15 26 54
6  Эрон 11 15 22 48
7  Узбекистон 11 14 15 40
8  Ҳиндустон 10 17 26 53
9  Қатар 9 12 11 32
10  Ҷумҳурии Чин 9 10 27 46
11  Малайзия 8 17 17 42
12  Сингапур 8 7 12 27
13  Арабистони Саудӣ 8 0 6 14
14  Бруней 7 9 4 20
15  Гонконг 6 12 11 29
16  ҶХД Корея 6 9 16 31
17  Кувайт 6 5 2 13
18  Филиппин 4 6 9 19
19  Ветнам 3 13 7 23
20  АМА 3 4 3 10
21  Муғулистон 2 5 8 15
22  Индонезия 2 4 14 20
23  Сурия 2 2 2 6
24  ТОҶИКИСТОН 2 0 2 4
25  Урдун 1 3 4 8
26  Лубнон 1 0 2 3
27  Мянма 0 4 7 11
28  Қирғизистон 0 2 6 8
29  Ироқ 0 2 1 3
30  Макао 0 1 6 7
31  Покистон 0 1 3 4
32  Шри-Ланка 0 1 2 3
33  Лаос 0 1 0 1
33  Туркманистон 0 1 0 1
35  Непал 0 0 3 3
36  Афғонистон 0 0 1 1
36  Баҳрайн 0 0 1 1
36  Яман 0 0 1 1
Дар маҷмӯъ 428 423 542 1393

Сентябрь 14, 2018 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ду майдончаи нави футбол мавриди истифода қарор гирифт
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ ВАРЗИШ ВА ПУШТИБОНИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ба ифтихори Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор шуд
Варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2025 соҳиби беш аз 340 медали тилло гардиданд
10 АВГУСТ-РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаш моҳи соли 2025 ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал ворид гардид
Варзишгарони Суғд дар шаш моҳ соҳиби зиёда аз 1520 медал шуданд
Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши идона доир гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Панҷакент майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд
Ноибони Президенти ФФТ бо ҳолати омодагии варзишгоҳҳои шаҳри Ҳисор ба мусобиқаҳои байналмилалӣ шинос шуданд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 238 медал ба даст оварданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 26 медал шуданд
Таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Малайзия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд