БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 13

Сентябрь 22, 2018 09:16

ДУШАНБЕ, 22.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои осиёии XVI-умро, ки дар шаҳри Гуангҷоуи Чин (Guangzhou) аз 12-ум то 27-ми ноябри соли 2010 баргузор гардид, муаррихон бесобиқа шуморидаанд. Аловиддин БӮРИЕВ, шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз таърихи баргузории Бозиҳои осиёӣ  ҳикоят мекунад.

Бозиҳои осиёии XVI аз дуввумин давраи бозиҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар кишвари Чин гузаронида шудаанд. Аз ин пештар пойтахти Чин –шаҳри Пекин соли 1990 аввалин маротиба Бозиҳои осиёии 11-умро истиқбол карда буд. Сабаби асосии бесобиқа хондани Бозиҳои осиёии XVI  чунин маънидод мешавад, ки бори аввал варзишгарон аз рӯи 42 намуди варзиш (28 намуди олимпӣ ва 14 намуди ғайриолимпӣ), ки 476 риштаро дарбар мегирифт, қувваозмоӣ намуданд. Шумораи варзишгарон нисбат ба Бозиҳои осиёии соли 2006 хеле зиёд гардид.

Пас аз ин давраи Бозиҳо Шӯрои олимпии Осиё қоидаи нави гузаронидани Бозиҳоро қабул кард, ки аз соли 2014-ум ба ин ҷониб Бозиҳои осиёӣ ба тартиби нав  гузаронида мешуданд ва шумораи риштаҳои варзиш дар он хеле маҳдуд гардиданд. Президенти Шӯрои олимпии Осиё шайх Аҳмад Алфаҳд Алаҳмад Ассабоҳ Бозиҳои осиёии Гуангҷоуро олитарин ва аз ҳама беҳтарин давраи Бозиҳо эълон кард.

Шаҳри Гуангҷоу дар баробари шаҳрҳои Уммони Урдун, Куала-Лумпури Малайзия ва Сеули Кореяи Ҷанубӣ дархости худро барои гузаронидани Бозиҳои 16-ум ба Шӯрои олимпии Осиё равон кард. Бинобар сабаби он, ки шаҳрҳои боқимонда дархости худро боз хонданд, соли 2004  Гуангҷоу макони баргузории бозиҳо пазируфта шуд.

Бори аввал расми ифтитоҳи Бозиҳо берун аз варзишгоҳ-дар тӯли дарёи Марворид дар ҷазираи Ҳойзиншо ( Haixinsha Island) сурат гирифт. Чун дар Бозиҳои осиёии пешина варзишгарони Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония дар гирифтани ҷоизаҳо пешсаф буданд. Бори аввал варзишгарони Чин 199 медали тиллоро ба худ ихтисос доданд, ки ин рекорди нав ба шумор мерафт.

Дар Бозиҳои 16-уми осиёӣ се рекорди ҷаҳонӣ дигар карда шуда 103 рекорди нави Осиё гузошта шуд.

Азбаски шаҳри Гуангҷоуро ҳамчун шаҳри бузҳо низ мешиносанд, тимсол ё рамзи Бозиҳоро низ аз  панҷ бузи дар рӯи қофила истода интихоб карданд.

Агар дар Бозиҳои 15-уми осиёӣ аз Тоҷикистон 103 варзишгар иштирок карда бошад, пас дар Бозиҳои 16-ум ин шумора ба 67 варзишгар баробар шуд.

Қуввату тавоноии варзишгарону мухлисони Тоҷикисттон боз ҳамон Дилшод Назаров буд, ки дар Бозиҳои чор сол пеш медали аввалини тиллоро ба гардан овехта, обрӯю нуфузи мамлакатро боло бардошт.  Дар бозиҳои 16-ум варзишгарони тоҷик ба гирифтани як медали тилло ва се медали биринҷӣ шарфёб гаштанд.

Гурзпартои тоҷик Дилшод Назаров бо сари баланд боз гурзро аз ҳама дур партофта медали тилоӣ Бозиҳои 16-умро ба Тоҷикистон овард.

Аз 12 нафар гурзпартоён касе ёрои онро накард, ки гурзро то ҳудуди 70 метр партояд. Дилшод Назаров дар даври 2-ум 71 м 27, дар даври 3-юм 74 м 28, дар даври 6-ум 76 метру 44 сантиметр натиҷа нишон дода бори дуввум чемпиони Бозиҳои осиёӣ гардид. Зинаи дуввумро  Кова Мӯсавӣ бо нишододи 68, 90 аз Эрон ва Ҳироаки Доӣ аз Япония бо натиҷаи 68 метру 72 сантиметр зинаи сеюмро ишғол карданд.

Ғолиби Бозиҳои осиёии Бусан -2006 Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс ин навбат ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардид. Агар 4-сол пеш дар вазни то 81 кг баромад карда бошад, ин навбат вазнаш ба 91 килограмм наздик шуда буд.

Ҷаҳон Қурбонов дар вохӯрӣ бо боксчии Туркманистон Хидир Оразмуҳаммадов бо афзалияти чашмрас пеш аз мӯҳлат ғалаба кард ва дар даври нимниҳоӣ аз муштзани Ҳиндустон Манприт Синх бо натиҷаи 10-2 мағлуб гардида, зинаи сеюмро ишғол кард. Дар вазни 91 килограмм Муҳаммад Ғосун аз Сурия соҳиби медали тилло, Манприт Синх нуқра ва Ҷаҳон Қурбонов бо Алӣ Музоҳирӣ баранади медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар риштаи бокс Анвар Юнусов  аз дуввумин муштазани тоҷик буд, ки дари Бозиҳои 16-уми осиёӣ ширкат варзид. Ба ӯ муваффақ нагардид, ки  ҳарифи аввалинашро мағлуб намояд.

Ба намояндаи гӯштии ҷудо –Расул Боқиев толеъ мадад кард, ки бори дуввум медали биринҷии Бозиҳои осиёиро ба гардан овезад.  Ӯ варзишгари эронӣ Алӣ Маломатро шикаст дода дар вохӯрии нимниҳоӣ бо Наврӯз Ҷӯрақобилов натиҷаи баробариро нишон дод, вале доварон бо бартарӣ ғолибиятро ба паҳлавони ӯбек мансуб донистанд. Расул бошад, барои медалҳои биринҷӣ боз бо паҳлавонони қирғиз Азат Кубакаев (002-001) ва Ким Чол-су аз Кореяи Шимолӣ (001-000)  қувва озмуда, ғолиб омад ва соҳиби ҷои сеюм гардид. Дар ин вазн Ҳироёки Акимото аз Япония соҳиби медали тилло, Ванг Ки-чун медали нуқра ва Наврӯз Ҷӯрақулов бо Расул Боқиев соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Медали сеюми биринҷиро ба хазинаи медалҳои Тоҷикистон Муродалӣ Тӯйчиев аз гӯштии юнону- румӣ ворид кард. Ӯ дар вазни 120 килограмм ба ин дастовард расид. Муродалӣ дар ҷараёни вохӯриҳо бар Ҳодӣ Уюн аз Лубнон ва Ҳани Алмарафӣ аз Урдун ғалаба карда, аз Лю Дели аз кишвари Чин мағлуб шуд.

Натиҷаи медалҳои Бозиҳои осиёии 16-ум дар Гуангҷоу  

ҶОЙ ДАВЛАТҲО ТИЛЛО НУҚРА БИРИНҶӢ ҶАМЪ
1  ЧИН (CHN) 199 119 98 416
2  Кореяи Ҷанубӣ (KOR) 76 65 91 232
3  Япония (JPN) 48 74 94 216
4  Эрон (IRI) 20 15 24 59
5  Қазоқистон (KAZ) 18 23 38 79
6  Ҳиндустон (IND) 14 17 34 65
7  Тайбейи Чин (TPE) 13 16 38 67
8  Ӯзбекистон (UZB) 11 22 23 56
9  Тайиланд (THA) 11 9 32 52
10  Малайзия (MAS) 9 18 14 41
11  Гонконг (HKG) 8 15 17 40
12  Кореяи Шимолӣ (PRK) 6 10 20 36
13  Арабистони Саудӣ (KSA) 5 3 5 13
14  Баҳрайн (BRN) 5 0 4 9
15  Индонезия (INA) 4 9 13 26
16  Сингапур (SGP) 4 7 6 17
17  Варзишгарони Кувайт (IOC) 4 6 1 11
18  Қатар (QAT) 4 4 7 15
19  Филиппин (PHI) 3 4 9 16
20  Покистон (PAK) 3 2 3 8
21  Муғулистон (MGL) 2 5 9 16
22  Миянмар (MYA) 2 5 3 10
23  Урдун (JOR) 2 2 2 6
24  Ветнам (VIE) 1 17 15 33
25  Кирғизистон (KGZ) 1 2 2 5
26  Макао (MAC) 1 1 4 6
27  Бангладеш (BAN) 1 1 1 3
28  ТОҶИКИСТОН (TJK) 1 0 3 4
29  Сурия (SYR) 1 0 1 2
30  АМА (UAE) 0 4 1 5
31  Афғонистон (AFG) 0 2 1 3
32 Ироқ (IRQ) 0 1 2 3
32  Лубнон (LBN) 0 1 2 3
34  Лаос (LAO) 0 0 2 2
35  Непал (NEP) 0 0 1 1
35  Уммон (OMA) 0 0 1 1
Дар маҷмӯъ 477 479 621 1577

 

 

Сентябрь 22, 2018 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими олимпии Филиппин бозӣ менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ бар Непал оғоз кард
«CAFA Nations Cup 2025». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Эрон бозӣ мекунад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАЭКВОНДО. Ин навъи варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон рушди бештар меёбад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобӣ нахустин бозӣ доир менамояд
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт
«CAFA NATIONS CUP 2025». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ менамояд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва вилояти Форси Эрон дар бахши ҷавонон ва варзиш баррасӣ гардид
Дар Ҳисор мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» дар гурӯҳи «В» оғоз мешавад
Ҳайати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо Академияи Кумитаи миллии олимпии Эрон шинос шуд
Барномаи иҷроии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи варзиш ва ҷавонон ба имзо расид
Бо иштироки ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир гардид