ДАҲ ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИР. Ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 09.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои Олии ҶТ) қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Минбаъд ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Тӯли 27 сол Тоҷикистони соҳибихтиёр ба кадом дастовардҳои чашмрас ноил гардид?
Котиби илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Тоҷикистон Нусратулло ЗОКИРОВ дар ин мавзуъ андеша меронад.
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошанд, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд.
Бар роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд.
Албатта, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 27- сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Ҳамаи дастовардҳоеро, ки мо дар ин муддат ноил гардидем, номбар намудан ғайриимкон аст, вале ба назари мо муҳимтарини онҳо аз инҳо иборатанд:
- Давлатдории миллӣ
Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.
- Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа
Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омаданд, ки билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонданд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикон ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи амну субот дар кишвар муҳаё карда шавад.
- Истиқлолияти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёкони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гириромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму оинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва ғ. корҳои зиёде ба амал бароварда шуданд.
Инчунин баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони истиқлолият ба шумор меравад. Ин ҷашнҳо, аз як тараф бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонад, ки чунин таърихи воло ва аҷдодони барӯманд дорад ва аз тарафи дигар, омили тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошад.
- Истиқлолияти давлатӣ – заминаи воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар
Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани барномаҳои се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳаё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.
Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ-этникӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузоранд. Аз тарафи дигар, дар даврони истиқлолият муҳоҷирати дохилӣ низ тақвият пайдо кардааст, ки боз ҳам такони ҷиддие барои ҳамгироии намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ваҳдати миллӣ мегардад.
Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард, ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», таҷдид намудани бунёди неругоҳи бузурги аср — НБО-и Роғун, неругоҳҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа мебошанд.
Ба ғайр аз ин, ба таври куллӣ дар сохтори иқтисодиёти кишвар дигаргунӣ ворид карда шуда, дар он асоси боэътимоди меъёриву ҳуқуқӣ таъсис дода шуда, фазои муътамади инвеститсионӣ фароҳам оварда шуд. Масалан, мувофиқи «Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», агар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2010 107% бошад, пас ин нишондиҳанда 2017 121,3%-ро ташкил дод. Ҳамчунин содироти маҳсулот ба кишварҳои дигар, ки соли 2010 — 77% буд ва ин нишондиҳанда соли 2017- 146,3%-ро ташкил дод. (Основные макроэкономические показатели Республики Таджикистан.(1995-2017). http://www.cisstat.com/rus/macro/tad.htm. Рӯзи муроҷиат – 31.08.2018).
5. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ – дастовард ва таҷрибаи бузурги истиқлолият
Ирсоли Паёмҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ- ин ҳам яке аз дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, Паёмҳое, ки давоми 17 сол ба Маҷлиси Олии ҶТ ва метавон гуфт ба тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод мегарданд, ифодакунандаи вазъи воқеии ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар мебошанд. Албатта, ирсоли Паёмҳо талаби замон буда, зарурати воқеиеанд, ки масъалаҳои асосии ҷомеаро дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, метавон чанд масъалаи усулии онро баён намуд:
Якум, Паёмҳои сарвари давлат дар худ ҷанбаи сафарбаркунандагӣ доранд. Яъне Паёмҳо ҳамасола ба Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод мегарданд ва худ ифодакунандаи ҳамон се ҳадафи стратегӣ мебошанд.
Дуюм, дар Паёмҳо хусусияти раҳнамоикунанда ифода ёфтааст. Воқеан дар Паёмҳо фаъолияти яксолаи тамоми сохторҳои ҷомеа таҳлил ва ҷамъбаст мегарданд ва вазифаҳои нав барои рушди соҳаҳо пешниҳод мегарданд.
Сеюм, Паёмҳо ҷанбаи барномавӣ доранд. Паём ҳамчун барномаи яксола барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баромад менамоянд.
Чорум, Паём ҷанбаи ҳамгироикунандагӣ ва таҳкимбахши ваҳдати миллӣ доранд. Дар онҳо нуқтаҳои асосӣ ва масъалаҳои калидии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ифода меёбанд, ки онҳо ба ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа мусоидат менамояд. Ин омил метавонад баҳри муттаҳидӣ ва ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа хидмат намуда, дар зери як ҳадаф муттаҳид гардидан ва баҳри ҳаёти солиму созанда камари ҳиммат бастан баҳри рушди босуботи кишвар мусоидат менамояд.
6. Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимхо» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Қабул гардидани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо» иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, баҳри барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст. Таҷрибаи амалӣ гардидани Қонуни танзим нишон дод, ки дар ҷомеа сатҳи маърифатнокии мардум нисбат ба расму оинҳо баланд гардид, аҳли ҷомеа хурофотро аз маросимҳои воқеан муҳими милливу динӣ фарқ намуд, як муҳити воқеан равонии баробарӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа барқарор гардид. Ҳамзамон дар ин муддат як раванди омили тарбиявӣ доштани қонун падид омад, ки метавонад кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва зоҳирпарастиро аз байн барад.
Бояд зикр намуд, ки ҷашну маросимҳо ва анъанаҳо аз насл ба насл омадаанд ва онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ҳамчун омилҳои зарурии иҷтимоӣ зуҳур намудаанд. Аксари ҷашну маросимҳо баёнгари арзишҳо ва асолатҳои фарҳангии мо бошанд ҳам, вале онҳоро ба як низоми муайян даровардан ва тибқи талаботи замони муосир амал намудан хеле зарур аст.
Ҳамчун таҷрибаи беназир ва дастоварди бузург метавон Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҳисоб намуд, ки мақсад аз қабул гардидани он тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Дар даврае, ки ҷомеаи моро хатарҳои зиёд таҳдид менамоянд, бояд ҳар як падару модар дар тарбияи фарзандон масъул бошанд, ки онҳо бояд ба ҷомеа фарзандони рӯҳан ва ҷисман солим диҳанд.
- Сиёсати хориҷии Тоҷикистон – сиёсати хориҷии муваффақ
Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақа ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Махсусан бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад.
Инчунин дар давоми 27 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ, ба монанди – СММ, ОБСЕ, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони ҳамкории амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва ғ. мебошад.
Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Махсусан дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо — Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд. Бояд зикр кард, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 22 марти соли 2018 оғоз гардид. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.
Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои актуалии ҷаҳони муосир пешниҳодҳои худро иброз намуда, мавқеи худро муайян менамояд.
- Рушди маориф – дастоварди бузурги сиёсати дохилӣ
Бунёд ва навсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт вазифаи асосӣ на танҳо сохтмон, балки ба талаботи замона ҷавобгӯ будан ва муҳаё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳои техникӣ мебошад. Ҳамаи ин барои тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ мусоидат хоҳад намуд.
- Истиқлолият ва таъмини озодии виҷдон
Рушди минбаъдаи давлатдорӣ дар Тоҷикистон як қатор масъалаҳоро дар муносибат бо дин ба амал овард, ки бевосита машрӯияти ин муносибатҳо ба вуҷуд омаданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз ҷинс, миллат, забон ва муносибат ба дин кафолат медиҳад. Конунҳои дар ин раванд қабулгардида бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба ҳеҷ ваҷҳ мухолифат намекунанд. Ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шуд, ки бо риояи қонунуниятҳои амалкунанда фаъолияти худро пеш баранд. Албатта, принципи конститутcионии давлати дунявӣ водор мекунад, ки давлат аз ташкилотҳои динӣ ҷудо бошад. Ҳамин тариқ, қонунҳои мансуб ба озодии виҷдони шаҳрвандони кишвар дар асоси принсипи муайян ба низом дароварда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ин ҳуқуқ ва озодиҳо низ дар асоси принсипи ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ба роҳ монда шудаанд. Дар асоси Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои амалкунанда, озодии виҷдони ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Ҳар кас метавонад ба ин ва ё он дин пайравӣ кунад ва ё накунад. Дар моддаи 26 Конститутсия чунин омадааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Ҳамин тариқ, модели ҳамзистии муваффақи пайравони дину мазҳабҳо дар ҷумҳурии мо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Дар ҷумҳурӣ пайравони динҳои гуногун ба масҷидҳо ва ибодатгоҳҳои мазҳабии худ озодона мераванд.
- Ҷавонон ояндаи миллатанд
Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи хосса додан ба насли наврас ва ҷавон аз ҷумлаи дастовардҳои беназири истиқлолият мебошад. Чунки ин насл ояндаи миллат буда, бақои давлат ва Ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ барномаҳо ва консепсияҳо оид ба маърифаткунонии насли ҷавон ҳамчун насли солим ва бомаърифат қабул гардидаанд. Бояд зикр кард, ки Соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд.
Ҳамин тариқ, дар даврони истиқлолият дастовардҳо зиёд бошанд ҳам, муҳимтаринашонро зикр намудем. Албатта, дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар муваффақиятҳои калон ба даст омада бошанд ҳам, вале барои рушди кишвар корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонд. Дар ин раванд яке аз иқдомҳои муҳим мубориза бо фасод, хурофот ва дигар амалҳои нангин бояд бошад. Танҳо низоми афзалиятноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи камбизоатии мардум воситаи муҳим барои ба роҳ мондани ислоҳоти бузурги иқтисодӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва тақвияти ваҳдати миллӣ буда, омили муҳимест барои давраи гузариш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Маром ва мақсади ҳар як фарди ҷомеа таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъалаи рушди ҷомеа, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ бояд бошад.
Нусратулло ЗОКИРОВ,
котиби илмии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои фалсафа