Дар Душанбе «Ҳафтаи Франсия» оғоз мешавад

Сентябрь 17, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи Франсия» оғоз мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Ҳафтаи Франсия»  имрӯз шурӯъ гардида, то 22 сентябри соли равон идома меёбад.

Дар доираи Ҳафтаи мазкур имрӯз, соати 17:00 дар Қароргоҳи Сафорати Франсия дар Тоҷикистон бо иштироки Франсис Ришар дар мавзӯи «Китобхонаи миллии Франсия, манускриптҳо: Ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия» конфронс баргузор мегардад.

18 сентябр, соати 18:00 дар киностудияи «Тоҷикфилм» барои ҳаводорони кино  филми Реми Шае «Дар боми ҷаҳон» пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин 19 сентябр, соати 09:00 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Ҳамкории бостоншиносӣ байни Франсия ва Тоҷикистон – лоиҳаҳои Осорхонаи Гиме» баргузор мешавад.

22 сентябр намоиши либосҳо аз ҷониби тарроҳон Хуршед Сатторов ва Фарвардин Оташин манзури ҳаводорони муд хоҳад шуд. Намоиш  соати 18:00 дар чойхонаи «Роҳат» сурат мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳафта аз 17 то 20 сентябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мактаби тобистонаи «Мероси хаттии Осиёи Марказӣ: натиҷаҳо ва дурнамои тадқиқот» баргузор мегардад. 

Сентябрь 17, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ