Дар Душанбе ҷаласаи ХХХI Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои ИДМ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ҷаласаи ХХХI Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараён дорад. Ҷаласаи мазкур дар доираи татбиқи Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 роҳандозӣ гардидааст.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои ин Шӯрои машваратӣ мебошанд, ширкат доранд.
Ҷаласаро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ифтитоҳ намуд. Тибқи Рӯзномаи ҷаласа, дар рафти он 16 масъалаҳое, ки ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории судманди кишварҳо- иштирокчиёни Шӯрои машваратӣ марбут мебошанд, аз ҷумла, ҷараёни иҷрои қарорҳои ҷаласаи ХХХ Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ҳамчунин вазъият ва тадбирҳои андешида дар ин самт, ҳолати кор дар самти хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ ва дурнамои рушд дар кишварҳои аъзои ИДМ мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Гуфта шуд, ки иштирокдорони ҷаласа хусусан ба масъалаҳои иҷрои қарорҳои Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ аз 16 сентябри соли 2016 дар мавриди мутобиқкунии ИДМ ба анъанаҳои муосир ва қоидаҳои ягонаи дастрасӣ ба базаи иттилоотӣ-таҳлилии миллӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва муҳоҷират, имконияти ҳамгироии минбаъдаи онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Шӯрои мазкур ҳамасола дар мувофиқа бо давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз рӯи навбат дар давлатҳои аъзо баргузор мегарданд. Ҷаласаи имсола чорумин чорабинии Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо –иштирокчиёни ИДМ мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Масъулин иброз доштанд, ки аз рӯи масъалаҳои муҳокимашудаи ҷаласаи ХХХI Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»













Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд






