Дар Душанбе «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, корҳои бунёдӣ дар боғи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида буданд.
Тибқи иттилои манбаъ, боғи мазкур дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси гулгашти мавҷуда, дар масоҳати беш аз 4 гектар бунёд гардида, пас аз анҷоми корҳои ободонию созандагӣ ин макон ба яке аз мавзеъҳои тамошобоб ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт мубаддал гардидааст. Бояд зикр кард, ки аз ин пеш ин мавзеъ ба партовгоҳ табдил ёфта, дар ҳолати нохуби беҳдоштӣ қарор дошт.
Тибқи лоиҳа, дар ин боғи навбунёд 4 адад арғунчакҳо барои дилхушии кӯдакон, суҳбатҷойҳо, 1 адад фаввора бо чароғакҳои рангаи ороишӣ, қаҳвахонаи муосир, майдончаи варзишӣ ва гӯшаҳои муҷаҳҳази машқу тамрини бадан бунёд карда шудаанд. Баҳри сайру гашт ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар масоҳати бештар аз 6 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо бунёд гардида, ҳудуди он бо беш аз 22 ҳазор гулҳои ороишӣ зиннат дода шудааст. Ҳамчунин зимни бунёди боғ беш аз 3500 адад дарахтони ороишию сояафкан ва гулу буттаҳо шинонида шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо ин маркази нави фарҳангию фароғатии пойтахт Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тарҳу намуд ва сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба бунёдкорон ва ташаббускорони он арзи сипос намуд. Раиси шаҳр масъулини ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо барои нигоҳубини дурусти дарахтон ва гулу буттаҳо ва ҳамеша дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо муваззаф намуд. Ҳамчунин масъулин супориш гирифтанд, ки дар ҳудуди боғ аломатҳои ишоракунанда ва хатти радиошунавонӣ насб намоянд.









Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






