Дар ноҳияи Рӯдакӣ калонтарин маҷмааи варзишӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 26, 2018 16:04

ДУШАНБЕ, 26.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони 414 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли равон ба истифодадиҳии 27 иншоот, аз ҷумла 7 мактабу синфхонаҳо, 3 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 3 майдонча ва маҷмааи варзишӣ, 4 иншооти коммуналӣ, 4 иншооти дорои дигар самти фаъолият ва 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи ин созандагиҳо имрӯз дар деҳаи Обчакорони деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур як маҷмааи варзишӣ ва майдончаи варзишии ҳозиразамон ба истифода дода шуд.

Маҷмааи солимгардонӣ дар ноҳия яке аз калонтарин ба ҳисоб рафта, масоҳати умумиаш 1882,2 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст.

Бино аз ду ошёна ва толорҳои барҳавои дорои 400 ҷои нишаст иборат буда, дар қабати дуюми бино ҷой барои тамрини бадан бо тамоми шароити мусоид муҳайё гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо имкон аст чорабиниҳои сатҳи баланди варзишӣ, аз қабили волейболу, баскетбол, гӯштин, тенниси рӯйи миз гузаронида шаванд. Таҷҳизоти маҷмааи солимгардонӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ харида шудааст.

Ҳамчунин имрӯз дар назди Муассисаи таҳсилоти умумии №115-и деҳаи Обчакорони деҳоти Чимтеппа майдончаи хурди варзишӣ барои бозии футболи хурд аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Баҳромҷон Иброҳимов мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи майдончаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа иштирок намуданд. Зикр шуд, ки дар баробари хонандагони ин муассисаи таълимӣ, инчунин наврасону ҷавонони деҳа баъди дарс ва рӯзҳои истироҳат метавонанд бемалол миёни ҳам сабқат намоянд.

Сохтмони майдончаи мазкур дар давоми 3 моҳ бо харҷи 120 ҳазор сомонӣ сохта шуда, масоҳати умумиаш 800 метри квадратиро ташкил медиҳад.

Зимни суҳбат бо устодону хонандагони муассисаи таълимӣ таъкид гардид, ки хонандагон бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда хуб таҳсил намуда, дар оянда барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Ба иттилои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, то имрӯз дар ноҳия 9 иншоот ба истифода дода шудааст.

 

Сентябрь 26, 2018 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд