Дар ноҳияи Рашт роҳи мошингарди Ғарм-Навобод ба масофаи зиёда аз 8 километр мумфарш гардид

Сентябрь 8, 2018 13:19

8 километр мумфарш гардидРАШТ, 08.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт бинои маъмурии  кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, ки аз ду ошёна иборат буда,  ба  маблағи як млн сомонӣ сохта  шудааст,   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 

Сокинони ноҳияи Рашт барои дар сатҳи баланд  таҷлил намудани  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ободкорию созандагӣ машғул буда, дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳ  дар назди ду муассисаи таълимӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ва созмонҳои хориҷӣ  бо маблағи як миллиону  800 ҳазор сомонӣ  16 синфхонаи иловагӣ сохта, ба хонандагони ин муассисаҳо  туҳфа намуданд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои мазкур  бо ҳашари умумии сокинон анҷом ёфтанд.

Раиси ноҳияи  Рашт Қаноатшои Лоиқ  иброз намуд, ки «мо бояд аз  дастовардҳои даврони истиқлолият ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ кўшишу ғайрат намоем. Вазифаҳои бар дӯшдошта ва масъулияти ватандории худро дар назди давлату миллат софдилона иҷро намоем. Зеро истиқлолият барои мо бахту саодат, сари баланд ва зиндагии орому осуда ато намуд».

Зикр гардид, ки чанде пеш дар ноҳияи Рашт бо ҷалби шахсони саховатпеша роҳи мошингарди Ғарм-Навобод ба масофаи зиёда аз 8 километр мумфарш карда шуд. Ҳамзамон мумфарш намудани роҳи байни шаҳраки Навобод ва Поҷеи ноҳия ба масофаи 8 километр  идома дорад.

 

Сентябрь 8, 2018 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад