Дар Ню-Йорк таҳти раёсати ҳайати Тоҷикистон ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки ИМА таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, муовинони вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин намояндагони аршади вазоратҳои корҳои хориҷии Қирғизистон ва намояндагиҳои доимии Туркманистон ва Ӯзбекистон дар СММ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
С. Муҳриддин зимни суханронӣ ба зарурати тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди соҳаи нақлиёт ва алоқа, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, содагардонии раванди савдо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва энергетикӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, гардиши озоди молу хадамот, сармоя ва одамон таъкид намуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зарур шуморид, то СҲИ барои мусоидат ба вокуниши самаранок ва дастаҷамъӣ ба вазъи кунунӣ ва пайдошудаи иқтисодиёт дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чораҳо андешад.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






