Дар Рӯшон бинои бахши Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин гардид

Сентябрь 14, 2018 12:00

ХОРУҒ, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҷиҳати беҳтар  намудани фаъолияти кормандони соҳа бахши Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ноҳияи Рӯшон соҳиби бинои нави корӣ гардид.  Хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файз МИРАСАН гузориш медиҳад.

Бино аз 9 утоқи корӣ иборат буда, бо тамоми асбобу анҷоми корӣ ва таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин мебошад. Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат варзиданд. Кормандони  бахши Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезӣ дар ноҳияи Рӯшон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки баъд аз таъмири асосӣ шароити кории онҳо комилан беҳтар гардидааст.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамагонро ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани  бинои навтаъмир табрик намуда, изҳор дошт, ки  Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар кӯшиши онанд, ки сол аз сол сифати зиндагии мардум беҳтар шавад. Яке аз ҳадафҳои аслии раҳбарияти мамлакат- ин таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Яке аз роҳҳои асосии амалӣ намудани ҳадафи мазкур бакорандозӣ ва барои кишт омода намудани заминҳои бекорхобида мебошад. Ноҳияи Рӯшон барои азхудкунии заминҳои нав имконияти васеъ дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, ноҳияи Рӯшон дорои 600 ҳазор гектар замин буда, нисбат ба дигар манотиқи вилоят азхудкунӣ ва хушкондани заминҳои назди соҳили дарёи Панҷ дар ин ҷо беҳтар ба роҳ монда шудааст.  Аз таъмири асосӣ баровардани бинои маъмурӣ барои бахши Кумитаи идораи замин ва геодезӣ  дар ноҳияи Рӯшон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар ин минтақа мусоидати бештар менамояд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  чанд соли охир дар ноҳияи Рӯшон бо мақсади ба кор андохтани заминҳои бекорхобида тадбирҳои судманд андешида шуданд. Бештари заминҳои корам дар водии Бартанг ва соҳили дарёи Панҷ доман афрохтаанд.

Мудири бахши кишоварзии ноҳияи Рӯшон Гулаёз Ниёзов гуфт, ки «танҳо соли равон барои хушкондани заминҳои лаби соҳили дарёи Панҷ дар ҷамоати  Баррӯшон 120 ҳазор сомонӣ ҷудо гашта, тозакунии заҳбуру заҳкашҳо идома дорад».

 

 

Сентябрь 14, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд