Дар Суғд нахустин Форуми муштараки соҳибкорони ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ва шаҳри Бекободи Ӯзбекистон баргузор шуд

Сентябрь 12, 2018 17:06

ХУҶАНД, 12.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нахустин Форуми муштараки соҳибкорони  ноҳияи Спитамени Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар Форум раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода, ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зафар Файзуллоев ва ҳайати калони соҳибкорони ҳарду ҷониб иштирок намуданд. Хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Абдуаҳад ДАДАБОЕВ гузориш медиҳад.

Ҳадафи баргузории форуми муштараки соҳибкорони ду ҷониб мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкили коргоҳҳои муштарак ва инчунин тақвият бахшидани савдои берунаи ҷонибҳо ба ҳисоб рафта, дар кори намоиши маҳсулоти истеҳсолӣ аз ҷониби шаҳри Бекобод коргоҳҳои амалкунанда: «Фабрикаи мебелбарорӣ», «Металлкомбинат», «Мелкомбинат», «Матбаа», «Коргоҳҳои дӯзандагиву қаннодӣ», ҶС«Файз Мебел Сервис», ҶДММ «Логин кора металл» (истеҳсоли рангҳо), КХ «Алишербек Файз Савдо» (истеҳсоли маҳсулоти қаннодиву ордӣ) ва аз ҷониби ноҳияи Спитамен коргоҳҳои «Султони Ҳаким», ҶСП «Норд Азия Металл» (истеҳсоли қубурҳои металлӣ ва профил), «Спитамен текстайлз», ҶСК «Кафс», «Хуҷаста», «25-солагии Истиқлолияти ҶТ» ва ғайра ширкат намуданд.

Қабл аз оғози кори Форум роҳбарияти ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод бо намоиши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои саноатӣ ва намунаҳои зироати кишоварзии ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод шинос шуда, ҳамзамон бевосита бо роҳбарони корхонаҳои саноатии ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ мулоқоту суҳбати муфид анҷом доданд.

Сипас, дар толори калони Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки доираи васеи соҳибкорони ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод Форуми муштараки соҳибкорон баргузор гардид. Зимни ифтитоҳ зикр гардид, ки маҳз ба туфайли сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории ду давлати ба ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистону Ӯзбекистон ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, рӯз аз рӯз дар ҳолати рушд аст. Дар ин замина баргузори Форуми имрӯза метавонад идомаи мантиқии вусъатбахшӣ ба рушди чунин иқдому ҳамкорӣ гардад.

Қисми дуюми кори Форуми муштараки соҳибкорони ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод бо муаррифии имкониятҳои иқтисодии ноҳияи Спитамен, пешниҳоди лоиҳаҳо дар самти ҳамкории дуҷониба ва мубодилаи афкори соҳибкорони ҳарду тараф доир ба баррасии имкониятҳои мавҷуда ба итмом расид.

Сентябрь 12, 2018 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид