«Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон». Риояи он арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба халқу миллат аст!

Сентябрь 3, 2018 15:16

ДУШАНБЕ, 03.09. 2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи либосҳои миллӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро   нашр  ва  ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод намуд. Вазорати фарҳанг ва сохторҳои он дар маҳал якҷо бо  кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо,  шаҳру  ноҳияҳо дар амалӣ шудани ин  дастурамал мусоидат менамоянд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба ин  ин мавзӯъ  бо масъулини соҳа  ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагони сомона мегардонем.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шарофати таҳкими Истиқлолият ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда, бо фарҳанги волои худ дар олам машҳур гаштааст. Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ дошт ва он як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, риоя кардану аз бар намудани либосҳои миллӣ бояд барои ҳар як соҳибватан шараф бошад. Инчунин, донистани тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд. Ҳар як шаҳрванди  мамлакат  бояд  ба  маданияти   либоспӯшӣ  диққати аввалиндараҷа диҳад; бо кадом либос ҳузур  доштани худро дар хона, назди ҳавлӣ, гирду атроф, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассисаҳо, чорабиниҳои гуногун донад ва хешро бо тарзи дурусти либоспӯшӣ муаррифӣ намояд», — чунин омадааст дар муқаддимаи  Дастурамали мазкур.

Дар бахши ёздаҳуми ин Дастурамали тавсиявӣ  ҳамчунин қайд гардидааст, ки «барои духтарон ва бонувон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису  тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯшг, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд, либосҳо, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия намешавад».

Тавре мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сабоҳат Маҳмадалиева иброз дошт, дастурамали мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади  ба танзим даровардани тарзи либосӯшии миллӣ  роҳандозӣ гардидааст. Итминон дорем, ки он пеши роҳи  хурофоту бегонапарастиро мегирад ва  воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифии миллату  мамлакат мегардад.

«Ин Дастурамал  аз  11 бахш ва 6 фасл иборат буда,  дар он  аксҳои  либосҳои миллӣ  вобаста ба фаслҳои сол ва табиату иқлим дӯхташуда дарҷ гардида, онҳо  ба навъҳои зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ  гурӯҳбандӣ шудаанд.   Дар  ин либосҳои миллӣ суннатҳои мардумӣ риоя шуда, тарроҳон ба тарзи дӯхт ва шакли онҳо тибқи замони муосир иловаҳо ҳамроҳ кардаанд, ки сифати онро боз ҳам беҳтар гардонидааст. Либосҳо ба навҳо тақсим шуда, ба либосҳои расмӣ, ҷашнӣ (идона), фароғатӣ, истироҳатӣ, соҳавӣ (униформа), театрӣ, ҳаррӯза, хонагӣ, истеҳсолӣ, мавсимӣ ва маросимӣ ҷудо мешаванд», — афзуд  С. Маҳмадалиева.

Дар ин маврид соли равон Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт, ки «ин дастурамали тавсиявӣ, ки бо қарори  мушовараи Вазорат  тасдиқ  гардида, ба нашр расидааст,  ба тамоми муассисаву идораҳо, корхонаву коргоҳ, мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ барои истифода пешниҳод гардидааст. Рияои ин дастурамал аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат сатҳи фарҳангии аҳли ҷомеаро баланд бардошта, ҷиҳати амалӣ шудани либоспӯшии миллӣ мусоидат менамояд».

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки «мо кӯшиш мекунем, ки тамоми ҳунармандони мо рӯи саҳна чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар санъати воло ва либоси зебои  миллии тоҷиконаро муаррифӣ кунанд. Вазорати фарҳанг бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба аҳли ҷомеа мерасонад, ки аз фарҳанги либоспӯшии бегона худдорӣ намоянд ва ба анъанаву урфу одатҳои бегона пайравӣ накунанд.

Вазорати фарҳанг  аз мақомоти маҳаллӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷомеаи шаҳрвандӣ,  роҳбарони бахши фарҳанг дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатӣ  хоҳиш менамояд, ки дар тарғиби дастурамал ва замимаҳои он, ки бо аксҳо нишон дода шудааст,  мусоидат намуда, дар тарғиби яке аз рукнҳои миллӣ саҳми шоиста гузоранд»,- таъкид намуд Вазир.

Маврид ба зикр аст, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриди пӯшидани либоси бегона чунин таъкид намуда буданд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

«Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила бо мақсади фаҳмонидани аҳамият ва муҳтавои ин дастурамали тавсиявӣ   дар ташкилоту муассиса ва коргоҳҳои ҷумҳурӣ   бо занону бонувон мулоқоту суҳбатҳои зиёд  доир карданд. Дар ин  суҳбатҳо занону бонувон аз нашри чунин дастурамали тавсиявӣ  изҳори хушҳолӣ карда, иброз доштанд, ки  ин  намунаи либосҳои  миллӣ  барои онҳо дар интихоби либосҳои дуруст кумак мерасонад. Ҳамзамон ин дастурамали  тавсиявӣ  барои тақвияти ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳё ва рушди мероси фарҳанги миллӣ  мусоидат менамояд», — илова кард С. Маҳмадалиева.

Бояд зикр кард, ки дар дастурамал танҳо либосҳои духтарону занон пешниҳод шуда,  минбаъд либосҳои мардона низ дар шакли дастури алоҳида манзур мегардад.

«Дар бештари соҳаҳо ва бахшҳои мухталиф, идораву муассиса, корхонаву коргоҳҳо, вобаста ба шароити кор, либосҳои махсус (униформа)  тавсия шудааст.  Ба бар кардани либосҳои махсус ҳатмӣ буда,  барои ҳифзи либосҳо ва аз ҳар гуна ифлосӣ муҳофизат кардани либосҳои кормандон нигаронида шудааст.

Ҳар як корхонаву коргоҳ ва муассисаву  ташкилот намуди либосҳои махсуси худро дорад, ки бар намудани онҳо ба занону духтарон  мувофиқи мақсад мебошад. Барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баъзе мақомоти дигар, ки либоси ягона доранд, пӯшидан ва риоя кардани он дар ҷойи кор ҳатмӣ мебошад», — чунин омадааст  дар бахши сеюми дастурамали мазкур.

Тавре ба мушоҳида мерасад, алҳол дар марказҳои савдою хизматрасонии   пойтахт – шаҳри Душанбе аллакай  дастурамали мазкур риоя мегардад. Ронандагони нақлиёти мусофиркашонӣ, савдогарон ва дигар намояндагони соҳаҳои мухталифи пойтахт   либосҳои махсусро ба бар мекунанд. Ҳамчунин  омӯзгорону табибони шаҳри Душанбе тибқи тавсияҳои ин дастурамал амал намуда,  либоси кории худро интихоб намудаанд.

Итминон дорем, ки  ин иқдомро ҳар як  шаҳрванди бонангу ори мамлакат дастгирӣ намуда,  барои рушди  маданияти либоспӯшӣ, ки як ҷузъи фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, мусоидат менамояд.

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2018 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Вобаста ба мавзуи ҳифзи сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид