Довталабон Тоҷикистонро дар 30-юмин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ (30th IOI 2018) муаррифӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 8 сентябри соли равон дар шаҳри Сукубаи давлати Япония 30-юмин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ (30th IOI 2018) баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он 350 нафар довталаб аз 87 давлати дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 нафар- Фарҳод Ҳакимиён, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, Давлатхоҷа Магзумов, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ» дар шаҳри Душанбе, Акмал Мамадшоев ва Хусрав Ашурзода, хонандагони Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада Фарҳод Ҳакимиён аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардида, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






