«Эмомалӣ Раҳмон — меъмори аслӣ ва сипари боэътимоди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2018 14:20

ДУШАНБЕ, 20.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ифтитоҳи иншооти нав бунёдгашта ва суханрониҳо дар назди мардум, тағйироти кадрӣ ва супоришҳои созандаи Пешвои миллат муҳтавои матбуоти даврии ин ҳафтаи ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (18.09.2018, №184) мақолаи Рустам Ҳайдаров, доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ ва Дилшод Давлатзода, корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ-ро зери сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон — меъмори аслӣ ва сипари боэътимоди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр кардааст. Дар мақолаи мазкур муаллифон саҳми барҷастаи Пешвои миллатро дар бунёди Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими он зикр карда, менависанд: «Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки таҳкими Истиқлолияти давлатии тоҷикон бевосита ба ташаккули институти президентӣ вобастагии амиқ дорад. Зеро маҳз бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буҳрони шадиди солҳои аввали истиқлолият бартараф гардид».

«Таҳсилоти томактабӣ. Ҳанӯз мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад, чаро?» мақолаи журналист Меҳрангез Қодирова аст, ки ба яке аз проблемаҳои муҳим ва ҳалталаби соҳаи маориф — бунёд ва барқароркунии муассисаҳои томактабӣ ва ҷалби кӯдакон ба он бахшида шудааст. Муаллиф менависад, ки барои ҳалли ин мушкил, пеш аз ҳама, мақомоти маҳалҳо бояд фаъол бошанд ва лоиҳаҳои давлатиро амалӣ намоянд.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (19.09.2018, №185) хабари таъйиноти кадрӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба мансабҳои давлатӣ таъйин намудани як қатор нафарон нашр гардидааст. Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат зимни сафари корӣ ба ВМКБ аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ, фаъолияти номукаммали мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба таъмини волоияти қонун ва бартараф намудани ҷинояткории муташаккил ва амалҳои нангин, инчунин дигар камбудиҳо изҳори нигаронӣ карда буданд.

«Инсофи мо куҷо шуд?» матлаби Бузургмеҳри Баҳодур аст, ки ба яке аз мушкилиҳои рӯзмарраи пойтахти кишвар – муносибати нодуруст ва беодобонаи баъзе аз сокинон ба боғҳои бунёдгашта рабт дорад. Муаллиф дуруст менависад, ки «муносибати хунукназарона ба боғчаву майдончаҳои зиёди бунёдгашта дили ҳар нафарро сард мекунад». Ӯ сокинони пойтахтро ба он даъват менамояд, ки боғҳову майдончаҳои бунёдгаштаро эҳтиёд намоянд.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (18.09.2018, №113) суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таҳти унвони «Истиқлолияти энергетикӣ дар ВМКБ пурра таъмин гардид» нашр намуда, сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои ин вилоятро муфассал инъикос намудааст.

Рӯзноманигор Диловари Мирзо мақолаи худро «Шукурҷон ЗУҲУРОВ: «Намояндаи халқ будан ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст» ном гузошта, дар он оид ба мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони ­ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­ Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагони навоҳии минтақаи Рашт ва ноҳияи Сангвор ҷиҳати шарҳу эзоҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз маълумот додааст. Муаллиф менависад, ки Шукурҷон Зуҳуров аз ҳодисаи дар Данғара бо сайёҳон рухдода ёд карда, аз ҷумла таъкид намуд: «Ҳодисаи нангин содир шуд. Бовар дорем, ки ҷинояткорон барои гуноҳи содирнамуда ҷавоб медиҳанд. Вале гап дар ҷойи дигар аст. Оё бо ҳамин масъала ҳалли худро меёбад? Оё душманони миллат моро ором мегузоранд? Кӣ кафолат медиҳад, ки душманон ҷинояти навбатӣ тарҳрезӣ намекунанд? Агар бетарафӣ кунем, аз ин фоҷиа сабақ нагирем, душманон метавонанд ҳар лаҳза чунин кирдори ваҳшиёнаро дар дигар гӯшаҳои кишвар амалӣ намоянд».

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (19.09.2018, №38) дар ин шумораи худ идомаи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро зери сарлавҳаи «Продолжение рабочей поездки Главы государства Эмомали Рахмона в Горно — Бадахшанскую автономную область» нашр намуда, суханрониҳои Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ-ро пурра чоп кардааст.

Дар ин шумора хабари Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ зери унвони «Пресс-служба: «Условия поездки в Мургаб были опасными, но Лидер нации не свернул с пути» нашр гардидааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳаво дар ҳудуди ВМКБ якбора тағйир ёфта, дар шаҳри Хоруғ борон ва дар ноҳияи Мурғоб барфи шадид борид, аммо ба ин нигоҳ накарда, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва азму талоши созанда Пешвои миллат аз нияти сафар ба ин минтақаи дурдасттарини вилоят нагаштанд ва ба ин мавзеи кӯҳистон ташриф оварданд.

Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (20.09.2018, №38) зери унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии Пешвои миллатанд» мусоҳибаи рӯзноманигор Хуршеди Мавлон бо Рамазон Одиназода, раиси Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомониро нашр намудааст. Дар матлаби мазкур сухан асосан дар бораи самти фаъолияти илмӣ, дастгирии имрӯзаи ҷавонон ва вазифаҳои онҳо меравад.

«Аз Бразилия то Озарбойҷон: медали навбатиро кӣ меорад?» матлаби Шаҳбози Асомиддин аст, ки ба мусобиқаи дарпешистодаи дзюдо бахшида шудааст. Дар ин чемпионати ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон низ 10 варзишгар иштирок менамоянд ва муаллиф кӯшиш кардааст имкониятҳову зарфиятҳои онҳоро муаррифӣ намояд.

«Сигоркашии занон: Аз ҳавас, мушкилот ё асабоният?» мақолаи коромӯзи нашрия Садбарги Раҳмиддин аст. Дар мақолаи мазкур андешаи мутахассисони соҳаи тиб ва ҷомеашинос доир ба зарарнок будани сигоркашӣ оварда шуда, сабабҳои ба ин роҳ рафтани занон мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (12.09.2018, №37) аз идомаи сафари Пешвои миллат ба ВМКБ таҳти унвони «Бадахшон дар масири  дигаргуниҳо» гузориши муфассал нашр карда, суханрониҳои Сарвари давлатро пурра нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора мақолаи рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода зери сарлавҳаи «Фарҳанги сарлашкар» нашр шудааст, ки он ба кору пайкор ва қаҳрамониҳои Аҳмадшоҳи Масъуд бахшида шудааст. Муаллиф бо зикри хислатҳои қаҳрамононаи ин сипаҳсолор таъкид менамояд: «Ҳарчанд Аҳмадшоҳи Масъуд солҳои зиёде бо намояндагӣ аз як ҳизби исломӣ ва нафаре аз мардуми мусулмон мубориза мекард, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ ифротӣ набуд. Ӯ мехост кишвари Афғонистонро як Афғонистони пешрафта бисозад…Ҳар ҷое, ки зери итоати Масъуд буд, мактабҳо фаъол, муаллимон маошдор ва мактабҳо таъмиршуда буданд».

Сентябрь 20, 2018 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд