ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Чин бозиро мусовӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ,7.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бозии дуюмашро дар мусобиқаи байналмилалӣ бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Чин бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин бозии ҷолиб, ки дар шаҳри Тсюйтсзини Чин баргузор шуд, ҳисобро дар дақиқаи 42-юм нимҳимоятгари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов боз кард. Дар дақиқаи 69-ум мизбонон ҳисобро баробар намуданд.
Дар бозии дигари даври дуюм дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон бар дастаи мунтахаби ҷавонони Мянмар бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки футболбозони ҷавони тоҷик дар аввалин бозиашон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин, ки 4 сентябр баргузор шуд, аз дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашта буданд.
Хотиррасон менамоем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии сеюмашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин 8 сентябр бо дастаи мунтахаби ҷавонони Мянмар анҷом медиҳад.
Бояд зикр кард, ки ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон давраи омодагӣ ба марҳалаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 18 то 26 марти соли оянда доир мегардад, маҳсуб мешавад.