ФУТБОЛ: Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон ба Малайзия сафар кард

Сентябрь 13, 2018 09:14

ДУШАНБЕ, 13.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ниҳоӣ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол ба Малайзия  сафар кард ва   Бозиҳои финалии Чемпионати Осиё, ки 20 сентябр баргузор мегарданд, ширкат меварзад.   

Дар Чемпионати Осиё байни наврасон дастаи мунтахабиТоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Малайзия, Япония ва Таиланд қувва меозмояд. Вохӯрии аввалинро наврасони мо  бо дастаи мутахаби Малайзия 20 сентябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Куала-Лумпур мегузаронанд. Бозии дуюми онҳо бо дастаи мунтахаби Япония дар варзишгоҳи «UM Arena» ва дидори сеюм бо футболбозони Таиланд 26 сентябр дар ҳамин варзишгоҳ баргузор мегардад.

Дар сурати ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳхат гирифтан наврасони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Давоми як ҳафта футболбозони мо барои одат кардан ба иқлими Малайзия дар майдонҳои футболи ин кишвар тамрин гузаронида, вохӯриҳои таҷрибавӣ доир мекунанд. Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов бо худ бозингарони зеринро ба Малайзия бурдааст:

Дарвозабонҳо:  Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»), Фирӯз Назаров (Академияи футболи ФФТ «Орзу-2026»);

Муҳофизатгарон: Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Меҳробҷон Азимов, Ҷонибек Шарифов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз – «Локомотив-Помир»);

Ниммуҳофизатгарон: Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Ҳамзаҷон Аҳтамов, Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Умедҷон Холиқов, Парвиз Ҳоҷиев, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама аз – «Локомотив-Помир»);

ҲамлагаронСунатулло Исмоилов («Хатлон»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (аз – «Локомотив-Помир»).

Сентябрь 13, 2018 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад