ФУТБОЛ: Имрӯз бозиҳои даври 16-уми Чемпионати мамлакат ба анҷом мерасанд

Сентябрь 14, 2018 09:38

ДУШАНБЕ, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ду варзишгоҳи мамлакат бозиҳои охирини даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ бо ширкати дастаҳои  «Хатлон»-«Кӯктош» ва КМВА «Помир»-«Панҷшер» баргузор мегарданд.  

Дирӯз дар вохӯрии марказии даври 16-ум дар Варзишгогоҳи марказии пойтахт «Истиқлол»-и Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»  вохӯрда, бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард. Тӯбҳоро нишонзани ҷавону умедбахш Шериддин Бобоев ба ҳадаф ва шумораи голҳояшро дар мавсими соли 2018 ба 7 адад расонд.

Дар ин давр «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ ба комёбӣ ноил гардид. Футболбозони соҳили Сир дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» «Барқчӣ»-и Ҳисорро қабул карда, бо натиҷаи 3:0  пирӯзӣ ба даст оварданд.

Мубориза барои медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистон имсол хеле пуршиддат мегузарад. Баъди ғалабаи «Истиқлол» ва  «Хуҷанд» дар даври навбатӣ дар ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид нагардид. «Хуҷанд» ва «Истиқлол»  имтиёзҳои баробар дошта, аз ҳисоби нисбати тӯбҳо «Хуҷанд» дар зинаи аввал мавқеъ гирифтааст.

Агар мубориза барои унвони чемпионӣ байни «Хуҷанд» ва «Истиқлол» идома гирад, пас дар мубориза барои ҷои сеюм ғайричашмдошт дастаи нави Лигаи олӣ- «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дастаҳои забардастеро, мисли «Регар-ТадАЗ», КМВА «Помир» ва «Хатлон» аз худ қафо гузошта, ба аввалин медалҳои Чемпионат байни дастаҳои Лигаи олӣ наздик мешавад.

 «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0

Голҳо: Шериддин Бобоев, 42 (1:0). Шериддин Бобоев, 49 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Табрези Давлатмир, Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Сулаймонов, Аҳтам Назаров (Нозим Бобоҷонов, 77), Эҳсони Панҷшанбе, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Абдулмуминов (Артем Барановский, 54), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (Дилшод Восиев, 70).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)Рустам Ризоев, Ойбек Абдуғаффоров, Саидамири Саидаҳмад, Акбар Бобомуродов, Сафаралӣ Каримов, Хайрулло Азизов (Рамазон Ҳабибуллоев, 73), Шерзод Муҳаммадиев (Фарҳод Холбеков, 82), Ҳикматулло Расулов, Вайсиддин Сафаров, Амирҷон Сафаров (Фирӯз Раҳматов, 46), Наврӯз Рустамов.

ОгоҳӣЭҳсони Панҷшанбе, Аҳтам Назаров, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Сафаралӣ Каримов, Саидамири Саидаҳмад, Шерзод Муҳаммадиев, Рамазон Ҳабибуллоев, Акбар Бобомуродов («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон ронда шуд: Саидамири Саидаҳмад («Регар-ТадАЗ»), 89, зарба ба пои ҳариф.

 Довар дар майдонСайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доваронРавшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣБеҳрӯзи Айниддинзода (Бохтар).

13 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

 «Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 3:0

ГолҳоДилшод Бозоров, 6 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 45+1 (2:0). Дилшод Каримов, 86 (3:0).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Манучеҳр Ахмедов, Хуршед Бекназаров, Вусал Магеррамов, Дмитрий Бондар (Ҳасан Рустамов, 88), Бахтиёр Чориев, Обиҷон Ҳакимов (Дмитрий Горбушин, 83), Меҳроҷ Шарифзода, Дилшодҷон Каримов, Дилшод Бозоров (Фарҳод Тоҳиров, 72), Ҷаҳонгир Эргашев.

«Барқчӣ» (Ҳисор): Шоҳрух Қирғизбоев, Зиёвуддин Фузайлов, Оятулло Сафаров, Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Саидмухтор Азимов (Шервони Мабатшоев, 35), Манучеҳр Сафаров (Ҳувайдои Гулмурод, 76), Абдулмумин Забиров, Шарафҷон Солеҳов, Нуриддин Ҳамроқулов (Тоҳир Малодустов, 71), Далер Ёдгоров.

ОгоҳӣОбиҷон Ҳакимов, Дмитрий Бондар, Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»), Абдулмумин Забиров, Султоншо Мирзоев, Далер Ёдгоров, Оятулло Сафаров («Баркчӣ»).

Бозингари беҳтарин: Дилшод Каримов («Хуҷанд»).

Довари майдонГулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири доваронТурдибек Қушназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣАҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

13 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи  «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 4000 тамошобин.

 14 сентябр (ҷумъа)

оғоз – 16:30

КМВА «Помир» – «Панҷшер»

Довар дар майдонАбдурашид Муродов (Турсунзода).

Нозири доваронВладимир Домуллоҷонов (Душанбе).

Комиссари бозӣАнваршо Мирзоев (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

 «Хатлон» – «Кӯктош»

Довар дар майдонНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири доваронДиловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Комиссари бозӣКомрон Шодиев (Душанбе).

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

 №  Дастаҳо И В Н П М О
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 16 12 3 1 36-14 39
2 «Истиқлол» (Душанбе) 16 12 3 1 28-13 39
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 15 7 3 5 22-22 24
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 16 5 4 7 21-22 19
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 15 4 6 5 18-25 18
6 «Хатлон» (Бохтар) 15 4 3 8 16-20 15
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 15 2 5 8 11-21 11
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 16 2 1 13 10-25 7

Нишонзанҳои беҳтаринҶаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Навруз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») –  6  тӯбӣ.

Сентябрь 14, 2018 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд