ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ 23-СОЛА ШУД! Ҷашни парчамбардорони Ватан муборак!

Сентябрь 3, 2018 13:13

ДУШАНБЕ, 03.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 сентябр, дар мамлакат рӯзи гвардияи миллӣӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ, 13 октябри соли 2014 баён намуданд, ки «ҳоло Гвардияи миллӣ дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамчун ниҳоди ҳарбии таъиноти махсус ва воҳиди муҳими ҳифзи истиқлолият ва амнияти давлат ба ҳисоб рафта, кафили таъмини амнияти давлат, ҳифзи марзу бум ва яке аз унсурҳои асосии неруи мудофиавии кишвар мебошад. Ин сохтори низомӣ аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз роҳи пуршарафи таърихиро тай намуда, ҳоло ба нуфузу эътибори хоса соҳиб гардидааст».

Ҳарчанд шабакаи ҷаҳонии Интернет «гвардия»-ро калимаи италиявӣ ва маънояшро посдор мегӯяд, вале таҳқиқоти таърихшиносони тоҷик маълум намудааст, ки гвардия аз калимаи «гурд» гирифта шуда, ин воҳиди ҳарбӣ чанд аср пеш аз мелод, дар Шарқ ташкил карда шудааст. Ҳанӯз дар замони ҳукумронии Ҳахома­нишҳо, ба хусус Дорои 1 дар асрҳои 5-4 пеш аз мелод сохтори низомии лашкар таъсис ва тартиб ёфта буд. Сохтори он ба воҳидҳои муайян ба монанди даҳяк, садяк ва ҳазора тақсим мешуд. Ин беҳтарин ва аввалин низом дар илми лашкарсозӣ буд, ки аҷдодони мо онро дар сиёсати давлатдории худ амалӣ карда ва он қариб дар тамоми лашкари империяву шоҳигариҳо ва давлатҳои мутамаддини дунё бо тағйироти начандон зиёд истифода мешавад.

Таърихшинос Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар китоби худ «Дориюши Кабир — асосгузори лашкари ҷовидон» навиштааст, ки асоси ин лашкари бузургро дастаи яккачини муҳофизони шахсии шоҳ пурра мегардонид, ки дар таърих бо номи «гурдони ҷовидон» маъруфанд. Гурдони ҷовидон шахсияти шоҳ, хонадони ӯ, хазинаи давлат, дирафши давлатӣ ва амсоли ин рамзу муқаддасотро таҳти муҳофизати қавӣ ва махсус нигоҳ медоштанд, то ин ки пойдории давлат, сулҳу суботи он устувор боқӣ монад.

Дар Аврупо аввалин воҳидҳо барои муҳофизати Парчами давлатӣ, аз ҷумла дар асри 12 дар Италия, асрҳои 15 ва 17 дар Франсия, Англия ва Шведсия таъсис ёфтаанд, ки аз вожаи «гурд» — гвардия гирифта шудааст. Ин далел дар сарчашмаҳои амиқи тарихӣ дарҷ гардидааст.

Дастаҳои ҳарбии махсус, ки онҳоро Горди шоҳӣ низ ном мебурданд, дар замони Сосониён, Саффориён, Тоҳириён, Усомониён ва дигар давраҳои давлатдории тоҷикон низ фаъол буданд. Дар замони Исмоили Сомонӣ девони мудофиа амал мекард, ки идораи тамоми навъҳои лашкарро ба зимма дошт. Аз ин миён Горди шоҳӣ аз ҳисоби фарзандони хонадони ашрофзода, ҷанговарони далеру ҷасур, паҳлавону номварон пурра гардонида мешуд, ки хонаводаи шоҳ, дороии ӯро муҳофизат карда, ҳангоми сафар ба кишварҳои ҳамсоя шоҳро ҳамроҳӣ мекарданд. Асоси муваффақияти гурдон ҳунари волои ҷанговарӣ, рӯҳияи қавӣ ва садоқати комил доштан ба шоҳ, ба Ватан ва дин буд. Спитамену Деваштич, Муқаннаъ ва Темурмалик аз ҷумлаи он қаҳрамононе буданд, ки барои ҳифзи давлат ва осоиши халқ мубориза бурдаанд.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол аст. Ташкил ва такмилёбии он бевосита бо дастгирии Президент — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраҳои мустаҳкамшавии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад. Он воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 28 июни соли 2011 таҳти №729 3 сентябр ҳамчун Рӯзи Гвардияи миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1992 яке аз нахустин иқдомҳои Ҳукумати конститутсионӣ- ин таъсис додани бригадаи таъйиноти махсус дар назди Вазорати корҳои дохилӣ буд. Баъдан, моҳи январи соли 1995 дар заминаи бригадаи мазкур Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд. Моҳи январи соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сохтори низомӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ зери роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ барои нигоҳ доштани тартиботи қонунӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Дар тӯли 23 соли фаъолият ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро карда, дар лаҳзаҳои душвор бо ҷасорату мардонагӣ садоқати худро ба Президент, ба Савганди ҳарбӣ зоҳир намуданд.

Таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистон, ҳифзи иншооти махсусан муҳими давлатӣ,  иштирок ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои маросимии сатҳи давлатӣ, аз қабили вазифаҳои асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Иҷрои ин вазифаҳо масъулияти зиёдро талаб мекунад, вале барои ҳар як афсару сарбози Гвардияи миллӣ боиси ифтихору сарбаландӣ аст. Аз ин ҷост, ки вазифаи муқаддасу пурмасъулият ва дар баробари ин, пуршарафи боло бардоштани парчами баландтарини ҷаҳон – Парчами миллии Тоҷикистон бар дӯши хизматчиёни Гвардияи миллӣ вогузор карда шуд. Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ гвардиячиёни тоҷик Парчами Ватани азизамонро боло мебардоранд.

Фаъолияти Гвардияи миллӣ зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ҷиҳати таъминоти моддиву техникӣ пайваста дастгирӣ меёбад. Имрӯз дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ шароити мусоиди хизмат, заминаи хуби таълимӣ фароҳам оварда шудааст, ки барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунад. Аз ҷумла, дар Маркази тайёрии кадрҳо ва таълимоти ҳарбӣ синфхонаҳои муҷаҳази фанниву компютерӣ, майдончаҳои тактикӣ, муҳандисӣ, варзишӣ фаъолият дорад. Мураббиён аз ҳисоби собиқадорони хизмати ҳарбӣ таъйин шуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ доранд.

Ҳар сол Маркази тайёрии кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Гвардияро садҳо мутахассисони хурди техникӣ, алоқа, тайёрии махсус, сержантон, прапоршику афсарони ҷавон хатм карда, мувофиқи қобилияташон барои идомаи хизмат ба ҷузъу томҳо фиристода мешаванд. Барои сайқал додани маҳорату малакаи ҳайати шахсӣ машқгоҳҳои саҳроӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ҳайати шахсӣ маҳорату малакаи ҷангии худро такмил медиҳад. Барои пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби аср дар Гвардия Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир фаъолият мекунад.  Маркази мазкур бо шароит ва воситаҳои муосири таълим таъмин буда, барои баланд бардоштани қобилияти ҷангии ҳайати шахсӣ мусоидат мекунад.

Ҳар сол сафҳои Гвардияи миллӣ аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гардида, инчунин афсарон донишу маҳорати касбии худро дар муассисаҳои ҳарбии хориҷи кишвар дар курсҳои гуногуни тахассусӣ такмил медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки мавқеи ҳар як сохтори низомиро дараҷаи омодабошии ҷангӣ, таъминоти аслиҳаву техника, интизом ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ муайян мекунад. Ҳайати шахсӣ ба ғайр аз машқҳои саҳроӣ, чорабинӣ ва машғулиятҳои гуногуни ҳарбие, ки дар Гвардия доир мегарданд, ҳар сол дар асоси ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар машқҳои тактикӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои сохторҳои қудратӣ, тамринҳои муштараки таълимӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, қобилияту дониши ҳарбии хешро  такмил медиҳанд.

Аз ҷумла, дар самти ҳифзу ҳимояи марзу бум ва таъмини амнияти кишвар бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин ҷузъу томҳои Гвардия дар машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ ва машқҳои васеи низомӣ, ки ҳар сол дар якҷоягӣ бо Қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказии СААД баргузор мегардад, фаъолона ширкат меварзад.

Дастоварду муваффақиятҳои Гвардияи миллӣ натиҷаи меҳнати пурсамар, хизмати шоистаи ҳайати шахсӣ ва аз ҳама муҳим садоқат ба Президент, ба Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Ҷасур АБДУЛЛО,

АМИТ “Ховар”

Сентябрь 3, 2018 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд