Ходимони дин дар таъмири роҳҳои шаҳри Бӯстон ва корҳои бунёдкорӣ саҳм мегузоранд
ДУШАНБЕ, 17.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ходимони дин ва намозгузорони масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам дар шаҳри Бӯстон иқдом гирифтанд, ки роҳи маҳаллаи Ғалабаро таъмир намоянд. Ин кори нек ба хотири саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омад.
Тавре имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бӯстон Маҳмадюсуф Қозиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ходимони дин ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор марҳила ба марҳила дар баробари таъмири роҳҳои шаҳр дар дигар корҳои бунёдкорӣ низ саҳм гузоранд.
«Аслан халқи тоҷик аз қадим ба ободониву бунёдкорӣ шавқу рағбати беандоза дошта, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳалли зисти худ кӯшиш ба харҷ медоданд. Ҳадаф аз ин дар қалби сокинон ва хурду бузурги ҷомеа бедор сохтани ҳисси баланди созандагӣ мебошад», -гуфт номбурда.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






