Хоруғ мизбони Форуми «Помир-инвест-2018» мешавад
ДУШАНБЕ, 12.09.2018/АМИТ «Ховар»/. 15-16 сентябри соли равон шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии инвеститсионии «Помир-инвест-2018» мегардад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди туризми назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, Ассотсиатсияи соҳибкорон ва фермерон «Милал Интер» ва Бунёди Оғохон аз созмондиҳандагони Форуми байналмилалии «Помир –инвест-2018» маҳсуб меёбанд. Форум бо мақсади мусоидат ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар густариши бахши тиҷорат, рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори он, ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни кишварҳои минтақа, тавсеаи татбиқи барномаи иқтисодию иҷтимоии рушди ВМКБ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи табиии минтақаи Бадахшон баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар Форуми инвеститсионӣ соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок кунанд. Дар ин росто соҳибкорони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистон имкон доранд дар Форум барномаҳои тиҷоратии худро пешкаши иштирокдорон –сармоягузорон намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки минтақаи Бадахшон дорои захираҳои бои маъданҳои кӯҳӣ, чашмаҳои гарму шифобахши табобатӣ буда, мавқеи нотакрори ҷуғрофии минтақа ба рушди намудҳои гуногуни сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






