Ифтитоҳи бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сентябрь 12, 2018 13:25

ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар маркази шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири хизмат ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.

Бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз синфхона бо 120 ҷойи нишаст, хобгоҳи сарбозон бо 300 ҷой, ошхона бо 150 ҷой, хонаи дидорбинии сарбозон бо хешовандон, ҳаммом, толору майдончаҳои муосири варзишӣ ва ҳуҷраҳои корию хизматӣ иборат мебошад.

Дар қисми ҳарбӣ инчунин тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаҳои тиббӣ, майдонҳои сафороӣ, қисмҳои навбатдорӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳ ва дигар биноҳои ёрирасон таҷдиду навсозӣ гардидаанд.

Ҳамаи ҳуҷраҳо ва толорҳои иншооти нав бо тамоми таҷҳизот, мизу курсӣ ва дигар ашёҳои барои хизмати сарбозон зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои моддию техникии қисмҳои ҳарбӣ мукаммал гардида, сафи Артиши миллӣ ва воҳидҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисос, ботаҷриба ва далеру содиқи ватан пурра карда мешавад.

Бо бунёди иншооти нави таъйиноти ҳарбӣ шароити иҷтимоии афсарону сарбозон беҳтар мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёгардида баҳои баланд доданд.

Баъди шиносоӣ бо иншооти нав дар саҳни ҳавлии қисми ҳарбӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли роҳбарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ, махсусан, қисми ҳарбии 3503-ро ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ба муносибати ифтитоҳи бинои навбунёди замонавӣ самимона табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат бо қаноатмандиву ифтихор иброз доштанд, ки кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, афсарону прапоршикҳо ва сержантҳову сарбозони қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори низомии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолият ва ташкили ин навъи қӯшунҳо дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи иншооти махсусан муҳим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, иштирок дар бартараф намудани оқибати ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҳолатҳои фавқулода саҳми пурарзишу ватандӯстона гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқу шуҷоъ минбаъд низ донишу малака ва таҷрибаи касбии худро барои сарбаландона иҷро намудани қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан сафарбар месозанд.

Президенти мамлакат таваҷҷуҳи афсарону сарбозонро ба зуҳуроти бисёр хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки торафт густариш пайдо карда, мушкилоти ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷалб намуданд. Пешвои миллат дар назди роҳбарони воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар вазифа гузоштанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди касбӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Таъкид гардид, ки ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳо бояд доир ба баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, тақвияти интизоми ҳарбӣ ва дар маҷмӯъ, таъмин намудани сатҳи баланди омодабошии ҷангии воҳидҳои ҳарбӣ мунтазам чораҷуӣ намоянд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз талошҳову ғамхориҳои роҳбарияти давлат барои беҳдошти шароити хизмату будубоши афсарону сарбозон ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ҳукумати мамлакат минбаъд низ барои мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани ҷузъу томҳои онҳо ва беҳсозии шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ эътибори хосса зоҳир менамояд.

Ифтитоҳи бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қушӯнҳои дохилии ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 12.09.2018

Сентябрь 12, 2018 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 100 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 31 иншоот ба истифода дода шуд
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 964 иншооти ҷашнӣ бунёд карда шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар гимназияҳои рақами 1 ва 4-и шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад
Дар Суғд 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи кор ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ оғоз ёфт
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд