Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид

Сентябрь 18, 2018 15:08

ДУШАНБЕ, 18.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони  адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар Кохи «Малика»-и ноҳияи Варзоб  баргузор гардид. Дар  ҷаласаи мазкур  вазирони адлияи   Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, муовинони вазирони адлияи ҷумҳуриҳои   Арманистон,   Беларус  ва     инчунин   ба ҳайси  намоянда дар Шӯрои мазкур  вазири адлияи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон,  Сафири Фавулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   ширкат намуданд. Ҷаласаи  мазкур дар доираи  татбиқи Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018  роҳандозӣ гардид.

Тавре мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад,  ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони  адлияи  ИДМ-ро  Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Шоҳмурод ифтитоҳ намуд.  Тибқи рӯзномаи маҷлис, дар ҷаласаи Шӯрои  мазкур  масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи истифодаи  технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар самти расонидани хизматрасонии ҳуқуқӣ, танзими қонунгузории назорати ҷамъиятии фаъолияти мақомоти иҷрои  ҷазои  ҷиноятӣ дар давлатҳои ИДМ, фаъолият дар самти баландбардории фарҳанг, тафаккури ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар он муболилаи   афкор   ва  таҷриба  сурат  гирифт.

Сипас, барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир гардид, ки  дар он  иштирокдорони ҷаласа ба суолҳои рӯзноманигорон посух доданд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, зикр кард, ки  дар ҳошияи чорабинии  мазкур  дирӯз, 17 сентябри соли  равон ҷаласаи коршиносон оид ба омода сохтани маводи ҷаласаи Шӯрои  вазирони  адлияи   давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ   ва ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи пешниҳодот ҷиҳати такмилдиҳии афзори татбиқи  конвенсияҳои Минск ва Кишинев дар бораи  ёрӣ ва      муносибатҳои  ҳуқуқӣ  оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва    ҷиноятӣ  гузаронида шуд.

Рустам Шоҳмурод ҳамчунин  зикр кард, ки дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони адлияи ИДМ  тамоми  масъалаҳои ба Рӯзнома  воридшуда мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, нақшаи кори ин Шӯро барои соли оянда тасдиқ шуд. Ҳамчунин муайян гардид, ки ҷаласаи ояндаи  Шӯро  дар Ҷумҳурии Беларус баргузор мегардад.

  Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин Вазири адлияи Федератсияи Россия Александр Коновалов  оид ба рафти ҷаласа ва масъалаҳои дар он муҳокимашуда   ибрози андеша намуд. Номбурда, аз ҷумла, зикр кард, ки  ҳамкории вазоратҳои адлияи  ИДМ, ки  мардумони  ин давлатҳо таърихи умда,  ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии тӯлонӣ доранд,  дар ҳалли бисёр масъалаҳои муҳим  мусоидат менамоянд. А.Коновалов ҳамчунин  аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ин ҳамкорӣ сол то сол тавсеа  меёбад ва ҳамтоёни онҳо бо истифода аз таҷрибаи пешқадами якдигар ба пешрафти кор ноил мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қарори  Шӯрои  сарони    давлатҳои ИДМ «Дар бораи Шӯрои вазирони    адлияи     давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ» аз 26 августи соли 2005 таъсис  дода шудааст. Қарор дар бораи   таъсиси Шӯро аз ҷониби панҷ давлат-ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб   расидааст.

Ваколатҳои асосии  Шӯро аз таҳияву  таъмини татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ба салоҳияти    вазоратҳои   адлия  марбутбуда, мусоидат дар баҳамназдиккунии қонунгузории  давлатҳо–иштирокчиёни ИДМ ва дигар масъалаҳои ба ин соҳа марбут иборат мебошанд.

Бояд зикр кард, ки ҷаласаи  якуми  Гурӯҳи кории мазкур 16 майи соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги  Федератсияи Россия ва ҷаласаи дуюми он 10 октябри соли 2017 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии  Арманистон баргузор  гардида буданд.

Аз лаҳзаи таъсиси Шӯро дувоздаҳ ҷаласа ташкил  ва   гузаронида  шудааст. Аввалин ҷаласаи он  12 апрели соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардида  буд. Ҷаласаи  шашуми ин  Шӯро  23 сентябри соли 2011 дар шаҳри  Душанбе  доир шуда буд.

Охирин ҷаласаи Шӯрои вазирони  адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ 11 октябри  соли 2017 дар   шаҳри Ереван баргузор гардида буд.

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2018 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд