Имрӯз дастаи мунтахаби духтарони то 16-солаи Тоҷикистон бо духтарони футболбози Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ қувва месанҷад

Сентябрь 17, 2018 13:20

ДУШАНБЕ, 17.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 сентябр дастаи мунтахаби духтарони то 16-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футбол миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи «С» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо дастаи мунтахаби Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ қувва месанҷад.

 Дар даври гузашта дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Сингапур бо ҳисоби 1:4 мағлуб гардид. Дар ин баробар футболбоздухтарони дастаи мунтахаби Эрон бар Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ бо натиҷаи 12:0 зафар ёфтанд. 

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол мийни духтарони то 16-сола идома дорад ва дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Таиланд, Эрон, Сингапур ва Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ барои ба даст овардани се роҳхат ба даври навбатӣ бо ҳам мусобиқа доранд.

 

Марҳилаи якум. Гурӯҳи «С»

Даври 1

Тоҷикистон – Сингапур – 1:4

ГолҳоАмина Собирова, 12 (1:0). Путри Нур Сялиза, 14 (1:1). Путри Нур Сялиза, 19 (1:2). Данелле Тан Ли Ерн, 33 (1:3). Путри Нур Сялиза, 34 (1:4).

ТоҷикистонЛуиза Саидамарова, Нисо Абдуллоева, Нилуфар Абдулҳаева, Карина Мирзоева, Сайёҳат Раҷабова (Дилдора Раҳмонова, 82), Зевар Шамсова, Лайло Кучкинова, Матлуба Сафарова, Мадина Давлатова, Амина Собирова, Миҷгона Марофиева (Рухшона Файзуллоева, 67).

Довар дар майдонМи Сию (Чин).

Нозири доварон: Май Хоанг Транг (Ветнам).

Комиссар: Труонг Хиеу Хуонг (Ветнам).

15 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

Ҷазираҳои Мариянаи ШимолӣЭрон – 0:12

ГолҳоНигин Зандӣ, 5 (0:1). Марям Сулаймонпур, 8 (0:2). Саида Зӯҳро Маъсумӣ, 12 (0:3). Нигин Зандӣ , 16 (0:4). Нигин Зандӣ, 18 (0:5). Ҳелиа Пилтан Тасаввуқ, 35 (0:6). Рогхае Ҷалол Насаб, 54 (0:7). Нигин Зандӣ, 57 (0:8). Рогхае Ҷалол Насаб, 59 (0:9). Рогхае Ҷалол Насаб, 67 (0:10). Ҳастӣ Ғуломӣ, 79 (0:11). Ҳастӣ Ғуломӣ, 83 (0:12).

Довар дар майдонЛи Чи (Тайбэйи Чин).

Нозири доваронМариа Пиедаде Ребелло (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣМелисса Кинг (Австралия).

15 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

    Б Ғ М Б Т/т И
1 Эрон 1 1 0 0 12-0 3
2 Сингапур 1 1 0 0 4-1 3
3 Таиланд 0 0 0 0 0-0 0
4 Тоҷикистон 1 0 0 1 1-4 0
5 Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ 1 0 0 1 0-12 0

Даврҳои минбаъда*:

Даври 2-юм

 17 сентябр (душанбе)

16:00 – Сингапур – Таиланд

19:00 – ТОҶИКИСТОН – Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ

Даври 3-юм

 19 сентябр (чоршанбе)

16:00 – Эрон – Сингапур

19:00 – Таиланд – ТОҶИКИСТОН

 Даври 4-ум

 21 сентябр (ҷумъа)

16:00 – Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ – Таиланд

19:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5-ум

16:00 – Сингапур – Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ

19:00 – Таиланд – Эрон

*Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд. 

Сентябрь 17, 2018 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд