Имрӯз-Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал. Муҳофизони олами ҳайвоноту наботот иди касбиашонро ҷашн мегиранд

Сентябрь 16, 2018 10:08

ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якшанбеи сеюми моҳи сентябр ҳамчун   Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал  таҷлил мегардад. Имсол таҷлили  ин иди касбии муҳофизони олами ҳайвоноту наботот ба 16 сентябр рост омадааст.  Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо масъули бахши матбуоти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷид САЛИМ  ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар ин бора  чунин ибрози андеша намуд:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодир соли 2014 мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷангал — Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод. Бояд гуфт, ки соҳаи  ҷангали мамлакати мо тайи даҳ соли охир дар ҳайати мақомоти ҳифзи муҳити  зист фаъолият дошт.

 Алҳол дар  Агентӣ  ва 60 ташкилоту муассисаҳои зертобеи он  4902 нафар кормандон фаъолият доранд. Аз ин теъдод 2860 нафар кормандон мувофиқи басти вазифавӣ фаъолият дошта, 2042 нафари дигар  ҳайати  хизматрасон ва техникӣ мебошанд. Бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ соли гузашта 1828 нафар шаҳрвандон  ба тариқи иҷора  ба корҳои истеҳсолӣ  вобаста шуда, соли 2017  аз 7 то 10 ҳазор шаҳрвандон ба корҳои мавсимӣ ҷалб карда шуданд.

Бунёду  барқароркунии ҷангал  яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Агентӣ маҳсуб мешавад. Тайи даҳсолаи охир ҳамасола мувофиқи нақша, аз 1900 то 2000 гектар ҷангалҳои нав бунёд ва барқарор карда шуданд, ки аз ин миқдор наздик ба 900 гектарашро дарахтони мевадиҳандаи писта, чормағз, себ, олуча ва хуч ташкил медиҳанд.

Ба захираҳои иловагии ҷангал ҳезум, хушкмева, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, писта, чормағз ва дигар   маводи хӯрокворие, ки дар заминаҳои фонди давлатии ҷангал мавҷуданд, дохил мешаванд. Ҳар сол хоҷагиҳои ҷангал дар ҳаҷми 3–3,5  миллион   сомонӣ аз ҳисоби маҳсулоти ҷамъоваришуда даромад ба даст меоранд.

Бояд зикр кард, ки ҳар сол ба ҳисоби миёна дар мавсими ҷамъоварии рустаниҳои хӯрданибоб ва гиёҳҳои шифобахш, ҳамчунин дигар меваҳои худрӯй ва барқарорсозии ҷангал тариқи шартнома қариб 2000 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Кормандони агентӣ  ҳамчунин дар пешгирӣ аз биёбоншавӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист аз таъсири глобалии тағйирёбии иқлим нақши муҳим доранд. Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал  тибқи талаботи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин  муҳофизати ҷангал аз сӯхтор, худсарона буридани  дарахтон, ҷамъоварии рустаниҳои хӯрданибоб, гиёҳҳои шифобахш,  шикори  ғайриқонунӣ ва  истифода бурдани заминҳои  фонди давлатии  ҷангал мебошад. Қисмати зиёди ҷангалҳои Тоҷикистонро арчазор ташкил медиҳад, ки буридани он манъ аст.

Ҷангалзор барои ҳифзи муҳити зист ва аз чангу ғубор эмин нигоҳ доштани табиат саҳми калон дорад. Барои роҳ надодан ба худсарона буридани дарахтон дар ҳайати сохторҳои Агентии хоҷагии ҷангал 800 нафар нозирони давлатӣ ва 120 нафар нозирони ҷамъиятии ҷангал ҷалб гардидаанд, ки онҳо ҳамеша барои пешгирии дарахтбурии худсарона корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Мутаассифона, бо вуҷуди  ҷиҳати пешгирии ин амали номатлуб  тадбирҳои зиёд андешидани  кормандони агентӣ ҳанӯз ҳам чунин  ҳолатҳои  қонуншиканӣ ба мушоҳида мерасанд. Соли  2017 аз тарафи нозирони давлатии ҳифзи ҷангал  1447   ҳодисаи вайронкунии тартиботи соҳаи ҷангал ошкор карда шуд, ки  зарари он  ба хоҷагии ҷангал   445, 5 ҳазор сомониро ташкил дод.

Таҳлили қонунвайрокуниҳо дар соҳаи ҷангал нишон медиҳад, ки 60% — онро буриши худсаронаи дарахтон ташкил медиҳад. Ин нишондод дар муқоиса ба  ҳамин давраи соли 2016   16 %  кам  мебошад.

Боиси хушнудист, ки сол то сол ин намуди қонунвайрокуниҳо дар соҳаи ҷангал коҳиш меёбанд, ки  зиёд гаштани дастрасии аҳолии мамлакат ба дигар манбаъҳои энергия (ангишт, гази моеъ), аз байн рафтани маҳдудияти истифодаи барқ ва   баланд гардидани  сатҳи маърифати экологии шаҳрвандон ба он мусоидат  менамояд.

Дар назди Агентӣ алҳол  8  хоҷагии шикор  фаъолият дорад. Моҳҳои феврал – марти соли 2017 дар ҳудуди хоҷагиҳои ҷангал  ва шикор  баҳисобгирии саршумори ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи ин  баҳисобгирӣ маълум гардид, ки дар ҳудуди   заминҳои фонди давлатии ҷангал (ғайр аз  ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда), саршумори бузи кӯҳии сибирӣ 5947 сар, гӯсфанди  кӯҳии  бухороӣ 404 сар, гӯсфанди  кӯҳии  помирӣ (архар)  4500, 0 сар,  бузи пармашох 1901 сар, хирси маллаи тиёншонӣ 842 сар, гавазни бухороӣ  52 сар, мурғи ҳилол (улар) 2441сар ва  кабк 38142 сар мавҷуд мебошанд.

Соли 2017  аз ҷониби нозирони давлатии ҷангал  ва шикор  нисбат ба 65 нафар вайронкунандаи  қонун оид ба шикор  санадҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода, маблағи ҷарима ва зарари расонидашуда    23117, 0 сомониро ташкил медод, ки пурра барқарор ва ситонида шуд.

Дар соҳаи ҷангал мушкилиҳо кам нестанд. Масалан, як қисми заминҳои фонди давлатии ҷангал дар солҳои гуногун бе мувофиқаи мақомоти соҳаи ҷангал ба хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил дода шудаанд, ки бештари захираҳои табиӣ ва маҳсулоти ҷангал дар ин заминҳо аз тарафи ҳоҷагиҳо ҷамъоварӣ шуда, ба фоидаи шахсӣ истифода бурда мешаванд, вале ҳифзу муҳофизати ҷангалзор беназорат ва аз мадди назар дур монда, бисёр мавзеъҳо харобу нобуд гардида, ба чарогоҳ табдил ёфтаанд. Вобаста ба ҳалли масъалаи мазкур тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Вазифаҳои муҳими  кормандони  Агентӣ, аз ҷумла,   ҷорӣ намудани роҳҳои  афзоиш   ва  баланд бардоштани саҳми ҷангал дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, барқароркунии ҷангалзори арча ва пистазор,  парвариши ниҳолҳои беҳтарини маҳаллии Тоҷикистон,  роҳ надодан ба  буриши дарахту буттаҳо ва муҳофизати онҳо аз ҳашароти зараррасон,  тайёр намудани кадрҳои ҷавон барои идоракунии соҳаи ҷангал,  рушди инфрасохтори ҷангал  ва дар  ин замина  муҳайё намудани шароит барои сайёҳии экологӣ,  афзоиши  истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза – писта, чормағз, ангат, асал, парвариши дарахтон барои истеҳсоли чӯбу тахта,  таъсиси  корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти ҷангал ва ғайраҳо  мебошанд.

Иди касбии кормандони хоҷагии ҷангалро муборакбод гуфта, ба онҳо дар иҷрои ин вазифаи барои рушди мамлакат басо муҳим барору муваффақият хохонем!

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2018 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид