Имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни «Тоҷикстандарт» ва «Ӯзстандарт» ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст

Сентябрь 3, 2018 14:28

ДУШАНБЕ, 03.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Агентии «Тоҷикстандарт» ва «Ӯзстандарт» ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монда, тақвият мебахшанд. То ҷое мусаллам аст, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 августи соли равон ҷараён гирифт,  26 санади нави ҳамкорӣ байни ду давлати ҳамҷавор  ба имзо расиданд. Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон /«Тоҷикстандарт»/ ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон /Ӯзстандарт/ яке аз онҳост. Санади мазкур ба фаъолияти пурсамари минбаъдаи кишварҳо дар самти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия замина мегузорад.

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоотонии Агентии «Тоҷикстандарт» Лайлӣ Мақсудова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки Созишномаи мазкур барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард.

«Бо назардошти аҳамияти минтақавии Осиёи Марказӣ дар доираи Созишнома мо имконият дорем, ки дар таҳияи стандартҳои байналмилалӣ бо мақсади тақвияти рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваи хушк ва сабзавот ба кишварҳои Аврупо мусоидат намоем»,-изҳор дошт масъули «Тоҷикстандарт».

Бояд зикр кард, ки масъалаҳои стандартизатсия, метрология ва сертификатсия аҳамияти байналмилалӣ доранд ва ҳалли онҳо барои ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва техникии байни ду давлат муҳиманд. Ҳамчунин, Созишнома барои ба роҳ мондани фаъолияти муштарак ҷиҳати ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба молу маҳсулоти ҳар ду ҷониб ва тартиботи сертификатсиякунонии онҳо, гузаронидани конференсияву ҳамоишҳои муштарак, табодули таҷриба ва гузарондани курсҳои махсуси такмили ихтисоси кормандон дар самти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Алҳол Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақомотҳои стандартизатсияи давлатҳои Россия, Беларус, Озарбойҷон, Туркманистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, инчунин бо Институтҳои  стандартизатсияи Туркия ва Олмон ҳамкории судманд дорад.

Инчунин Агентии  «Тоҷикстандарт»  ҳамчун мақомоти миллии соҳаи стандартонии кишвар дар созмонҳои  байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. «Тоҷикстандарт» аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи кишварҳои ИДМ, аъзо-кореспонденти Ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо ИСО  ва дигар созмонҳо буда, бемамоният аз стандартҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ истифода мебарад.

«Тоҷикстандарт» ҳамзамон аъзо-коррреспонденти созмони  байналмилалии метрологияи қонунгузор, аъзои комилҳуқуқи созмони ҳамкории Авруосиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET),  Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (МАС), аъзои ассотсиявии Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ва аъзои Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия (САС MAS-Q) аст. Ҳамчунин Агентии «Тоҷикстандарт» аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ буда, дар пешбурди фаъолияти он нақши назаррас дорад.

                                                 Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 3, 2018 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд