ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон арзиши олӣ эътироф шудааст

Сентябрь 9, 2018 10:14

ДУШАНБЕ, 9.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсонро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор дода, онҳоро ба дараҷаи олӣ эътироф ва дар Конститутсия  ворид намуд. Дар қонунии асосии мамлакат ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста шуда, дарҷ гардид, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз  менамояд.

Инак бисту ҳафт сол мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ пеш меравад ва дар ин муддат дар ҳамаи соҳаҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ин нуктаро ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз СОЛИЕВ зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт.

Номбурда зикр намуд, ки маҳз бисту ҳафт сол муқаддам дар ин рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Истиқлолияти давлатии мамлакатро эълон намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохтанд, ки ин рӯз барои халқи тоҷик таърихӣ ва фаромӯшнопазир мебошад. Санаи муҳими таърихи миллати тоҷик  ба ҳисоб рафтани 9 сентябр гувоҳи он аст, ки орзуву ормонҳои чандинасраи ин миллат ниҳоят баъди ҳазорсолаҳо аз нав ҷомаи амал пӯшид ва он аз нав соҳибдавлат шуд,- гуфт Азиз Солиев.

Ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Ваҳдати миллӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи навини халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. «Ин се арзиши муҳими миллӣ ва сарнавиштсоз имкон доданд, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт рушд ёбанд»,-гуфт Азиз Солиев.

Ба андешаи ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 27 соли соҳибистиқлолии мамлакат маданияти сиёсии шаҳрвандон боло рафта, онҳо бо истифода аз ҳуқуқ ва уҳдадории худ дар чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Президентӣ, Парлумонӣ ва раъйпурсиҳои умумихалқӣ фаъолона иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар ин солҳо принсипҳои муҳими сиёсати Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў, пайравӣ ба принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ ин соҳа ташаккул ёфтанд.

Барои тақвияти ин гуфтаҳо ҳамсуҳбати мо иқдомҳои нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид  ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо  пазируфта шуд, қадами устувор ва муҳим арзёбӣ намуд.

Азиз Солиев дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки пас аз пазируфта шудани давлати ҷавони Тоҷикистон ба узвияти ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аксарияти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонида шуданд.

Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаҳои онҳо ва ғайраро метавон  мисоли равшани гуфтаҳои ҳамсуҳбати мо номид.

Мавриди зикр аст, ки  дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари сулҳпарвару ғамхори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони маъюб диққати махсус зоҳир намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои ин қишри ҷомеаро арзишманд номид ва барои онҳо тамоми шароитро фароҳам овард. Мисоли ин гуфтаҳо он аст, ки моҳи марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт. Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 — 175 давлати олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии конвенсия мебошанд. Баъди ҳукми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.

Ғайр аз ин  ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, «давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбор, муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, манзил, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад».

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар даврони Истиқлолият дар баробари ташкили асосҳои қонунгузорӣ, инчунин механизми муайяни мақомоти давлатӣ таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо ба ин ё он васила ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд аст.

Таъсис додани Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак, Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки раванди риоя, ҳифз, ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар ин самт ҷоннок намуд.

Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, яке аз комёбиҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият дар таҳким ва рушди ҳуқуқи инсон таъсис ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. «Ин ду ниҳод ҳамарӯза сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва Роҳбари давлати Тоҷикистонро дар самти гиромидошт ва ҳифзи ҳуқуқи инсон татбиқ намуда истода, дар оянда низ ин вазифаро иҷро менамоянд»,- хулоса намуд ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Солиев.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 9, 2018 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд