Кормандони гумруки Тоҷикистон садди роҳи паҳн гардидани моддаҳои психотропӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов Хуршед Саломович, соли таваллудаш 1964, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, қаблан судшуда, бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дастгир карда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни кофтукови шахсии дастгиршуда аз ӯ ба миқдори 1395 дона маводи рангашон хокистарранг ва кабудча дар намуди ҳабҳо дарёфт гардид.
Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи мусодирашуда моддаҳои психотропии «МДМА» буда, вазни умумияшон 472 граммро ташкил дод.
Дар ҷараёни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар вилояти Суғд дигар иштирокчии ҷинояти мазкур, шаҳрванд Гулов Толибҷон Хуршедович, соли таваллудаш 1998, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Навбаҳор 1/1 ҳуҷраи 9 дастгир карда шуд.
Бо ин кирдорҳояшон шаҳрвандони номбурда ҷинояти дар моддаи 200 қисми 4-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудаанд.
Нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, дар Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






