МАРҲАБО «АНДАЛЕБ!». Дар ҷумҳурӣ Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 12.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2018» баргузор мегардад. Мақсади фестивал аз намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар иборат мебошад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, даври аввали фестивал моҳҳои сентябр — октябр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм моҳи ноябр дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе 24 ноябри соли 2018- дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Озмун аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ва ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон ва сюитаи овозию рақсӣ иборат аст.
Ба ғолибони даври сеюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2018» аз ҷониби муассис — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳо супорида мешаванд.
Маълумоти бештарро аз Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоед.
Телефонҳо барои тамос: 223-04-72; 223-04-50; 221-79-62








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






