Ба истифода додани силсилаи иншооти ҳарбӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ
ДУШАНБЕ, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шарту шароити Отряди сарҳадии Хоруғ, ки пас аз навсозӣ фаъолияташро роҳандозӣ намуд, аз наздик шинос шуданд.
Дар ҳудуди отряд дар муддати кӯтоҳ дар маҷмӯъ наздик ба 30 иншооти ҳарбӣ, пул ва роҳҳои мошингузару пиёдароҳ бунёду таъмир гардида, бо назардошти тамоми талаботи хизматӣ имрӯз ба истифода дода шуд.
Нахуст Пешвои миллат бо имкониятҳои фароҳамовардашудаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12, ки дар дохили отряд бино ёфтааст, шинос шуда, бо хонандагону устодон суҳбат намуданд.
Муассисаи таълимӣ барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ гардида, дар ду баст 480 нафарро ба таҳсил фаро мегирад. Иншоот иборат аз 2 синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳо барои забономӯзӣ, синфҳои таълимӣ ва утоқҳои корӣ барои омӯзгорон буда, бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шуд. Омӯзгорон дар асоси озмун аз ҳисоби оилаҳои хизматчиёне, ки дар ин отряд ва дигар сохторҳои қудратӣ адои хизмат менамоянд, ба кор ҷалб гардидаанд.
Барои фарзандони хизматчиёни ин ва дигар ниҳодҳои низомӣ ҳамчунин дар Отряди сарҳадии Хоруғ кӯдакистони замонавӣ ташкил ёфта, аз майдончаи бозии кӯдакон, хобгоҳ, утоқҳои омӯзишӣ иборат аст. Кӯдакистон имконият дорад якбора то 100 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Ҳамчунин дар дохили Отряди сарҳадии Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои Коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда, барои фаъолияти дурусту самараноки он ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Коргоҳи дӯзандагӣ 30 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда, дар ин иншоот низ занону духтарони афсарон ба кор ҷалб гардиданд. Дар сехи истеҳсолӣ дӯхти сару либос ва рахти хобу дигар муҳимот барои сарбозону афасарони тамоми ниҳоду воҳидҳои сохторҳои қудратие, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд, ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин бо назардошти талабот дар коргоҳ имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли сару либоси мактабӣ барои хонандагону омӯзгорони шаҳри Хоруғ ва дигар минтақаҳои вилоят мавҷуд аст. Дар дохили коргоҳ ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ курсҳои дӯхти либосҳои хоси тоҷикона ба роҳ монда шудааст.
Дар дохили Отряди сарҳадӣ ҳамчунин Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави Прокуратураи ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз бахшиданд. Бино бо тамоми имконот ва шароити муосиру замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои Прокуратураи ҳарбии вилоятӣ аз 11 утоқи корӣ иборат буда, ҳамзамон дар дохили он дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст. Зимни суҳбат Пешвои миллат аз кормандони ин ниҳод назорати ҳамаҷонибаи риояи меъёрҳои қонунӣ ва дигар талаботи ҳарбиро тақозо намуда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Дар ин рӯз Сарвари давлат дар дохили Отряди сарҳадии Хоруғ ҳамчунин бо имкониятҳои Мактаби такмили ихтисос ошноӣ пайдо карданд. Тавре зимни шиносоӣ маълум гашт, мактаби мазкур барои бозомӯзиву тайёркунии мутахассисони бахшҳои гуногуни ҳарбӣ пешбинӣ гашта, баъди навсозӣ бо тамоми шароиту имконоти мусоид таъмин мебошад. Дар ин муассиса кормандони нуқтаҳои назорати сарҳадӣ, назоратчиёни нуқтаҳои сарҳадӣ, алоқачиён, кинологҳо, муҳандисон ва аз рӯи дигар ихтисосҳо мутахассис омода мегардад. Барои гузаштан аз курсҳои бозомӯзӣ дар синфхонаҳои дарсӣ шароити муосир ва асбобу аёниятҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳудуди Отряди сарҳадӣ ҳамчунин бинои Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмиру тармим ва навсозӣ гаштааст. Иншоот аз 40 утоқи корӣ иборат буда, бо назардошти талабот ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст.
Қобили тазаккур аст, ки ҳамзамон дар дохили отряд шуъбаи махсуси амнияти миллӣ барои 8 нафар корманд, дорухона ва кошонаи ҳусн аз таъмири пурра бароварда шуда, меҳмонхона ва мағозаи хӯроквориву сару либос ба истифода дода шуд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар ҳудуди Отряди сарҳадӣ 5 бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ, ки дар он афсарони ниҳодҳои қудратӣ бо аҳли оилаашон истиқомат мекунанд, пурра навсозӣ гардида, бо таҷҳизоту лавозимоти рӯзгор муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар маҷмӯъ дар ин биноҳо 280 хонаи истиқоматӣ мавҷуд буда, онҳо дар ихтиёри афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ба кормандони дигар ниҳодҳое, ки дар ҳудуди вилоят мавҷуданд, супорида шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба сохтмони бинои нави истиқоматӣ барои афсарон санги асос гузоштанд. Тибқи лоиҳа, бино дорои 60 ҳуҷра буда, бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд мегардад.
Пешвои миллат барои сохтмони саривақтии иншоот ва истифодаи масолеҳи хушсифату иҷрои босифати корҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Иброз гардид, ки барои фароҳамсозии шароити арзандаи хизмативу истиқоматӣ барои афсарон бояд тамоми тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида шаванд.
Госпитали ҳарбии Отряди сарҳадии Хоруғ давоми чанд соли охир дар ҳолати ногувор қарор дошт. Дар доираи навсозии отряд иншооти мазкур низ ба пуррагӣ таъмиру барқарор ва муҷаҳҳазонида шуд. Акнун госпитал дорои 100 кати хоб буда, аз се шуъба иборат аст. Шуъбаҳои ҷарроҳӣ, сироятӣ ва бемориҳои дарунӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин гардид. Дар ҳудуди отряд ҳамзамон лаборатория барои ташхис мавҷуд аст, ки бо дастгоҳҳои соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Яке аз иншооти азиме, ки дар дохили Отряди сарҳадӣ мавриди истифода қарор дода шуд, Маркази таълимӣ барои навдаъватшудагон мебошад. Маркази мазкур навбунёд буда, барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантони Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ин марказ аз рӯи 18 ихтисос кадрҳои низомии ҷавон омода гардида, ҳамчунин кормандони соҳа ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Баъди анҷоми курсҳои омӯзишӣ сарбозон соҳиби сертификати техникӣ мегарданд.
Таълимгоҳи навбунёд барои 800 нафар пешбинӣ гардида, машқҳои таълимии низомӣ ва курсҳои бозомӯзӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ доир мегарданд. Ҳамчунин иншоот дорои ошхона, ҳаммом ва дигар синфҳои таълимӣ мебошад.
Аснои шиносоӣ бо шарту шароити ошхона Президенти мамлакат бо сарбозони Отряди сарҳадии Хоруғ мулоқот намуда, аз шароити хизматии онҳо воқиф гардиданд. Тавре маълум гашт, ин иншоот низ ба тозагӣ бунёд ёфта, барои пухту пази таъом бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ошхона барои 500 нафар пешбинӣ гардида, дар ин ҷо сарбозон бо се вақт хӯроки гарму серғизо таъмин мегарданд.
Дар дохили Отряди сарҳадӣ Пешвои миллат дар назди пайкараи сарбози сарҳадбон гулчанбар гузошта, ба фаъолияти «Кохи Истиқлол» оғози расмӣ бахшиданд.
Кохи фарҳангӣ бо шаклу усули муосирӣ меъморӣ бунёд ёфта, дар ҳудуди вилоят камназир аст. Деворҳои иншооти мазкур бо мусаввараҳои таърихӣ, ки аз гузаштаву имрӯзи Тоҷикистон қисса мекунанд, зебу оро ёфтааст. Толори «Кохи Истиқлол» дорои 1000 ҷойи нишаст буда, дар он барои гузаронидани ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангӣ шароити муосир фароҳам аст.
Ин иншоот ҳамзамон дорои китобхона бо адабиёти бою рангин барои сарбозон буда, дар дохили «Кохи Истиқлол» Осорхона оид ба кору пайкори созандаи Пешвои миллат ҳамчун намунаи дарси мардонагӣ таъсис дода шудааст. Кохи навбунёди фарҳангӣ ҳамчунин дорои толори хурд бо 50 ҷойи нишаст мебошад, ки барои тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ пешбинӣ гардидааст. Ғайр аз ин дар ҳудуди «Кохи Истиқлол» Осорхонаи электронӣ бо 20 адад дастгоҳу таҷҳизот барои тамошои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ба истифода дода шуд.
Барои фароҳамсозии шароити мусоиди хизматӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ хобгоҳи сарбозон, ки аз 4 ошёна иборат мебошад, ба пуррагӣ таъмиру тармим гардида, бо тамоми шароити мувофиқ ба оинномаи ҳарбӣ таъмин гардид. Аз ҷумла, дар дохили хобгоҳ ҳаммом, ҷои дастурӯшуӣ, утоқи либосхушккунӣ, хонаи хизмати маишӣ, анбори хурд, анбори нигоҳдории яроқ, хонаҳои фароғатӣ ва утоқҳои кории афсарон ҷой дода шудаанд. Дар ошёнаи якуми хобгоҳ ситоди қисми ҳарбӣ сохта шуд.
Дар ҳудуди Отряди сарҳадӣ ҳамоми дуошёна, ки ба 50 нафар хизмат мерасонад, ташкил дода шуд.
Дар Отряди сарҳадӣ нуқтаи назорати гузаргоҳӣ аз сифр бунёд ёфта, деворҳои атрофи иншооти ҳарбӣ навсозӣ ва бо сангҳои табиӣ оро ёфтаанд. Дар доираи навсозӣ роҳҳои мошингарду пиёдараҳҳои ҳудуди отряд пурра мумфарш карда шуданд.
Дар ҳудуди мошинсарой Пешвои миллат бо вазъи нақлиёти ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири соҳавие, ки ба тозагӣ дастрасу барои истифода супорида шуданд, шинос гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз неруҳои низомии мамлакат бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҳамин гуна неруву иқтидори муосири техникиву заминаи бойи кадрӣ буда, аз ҳама ҷиҳат имконияти хуби ҳифзи марзу буми давлати соҳибистиқлолро дорад.
Пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти ҳарбӣ дар дохили Отряди сарҳадии Хоруғ ва боздид аз биноҳои таъмиргардида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо дар назди сарбозону афсарон суханронӣ карда, аз имконот ва шароити фароҳамовардашуда ва нақшаву ҳадафҳои дигари Ҳукумати мамлакат барои рушду нумуи бештари неруву иқтидори мудофиавӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳамсозии шароити мусоиди хизматии афсарону сарбозон дар қисму воҳидҳои низомӣ тадбирҳои муассир амалӣ намуда, дар баробари муҷаҳҳазсозиву омодакунии кадрҳои соҳавӣ ҳамзамон бунёди иншооту дигар инфрасохтори заруриро барои шароити мусоиди хизматӣ идома медиҳад.
Пас аз суханронӣ дар ҳузури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҷузъу томҳои тамоми сохторҳои қудратии кишвар гузашти низомӣ баргузор гардид.