«МАВҚЕЪ»: БАРНОМАИ ТАҲЛИЛИИ ХУРШЕДИ ХОВАР (ҲАМДАМ) ДАР РАДИОИ «FM ХОВАР» (Нашри ҳафтум)
“Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад”.
Эмомалӣ Раҳмон.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти ҶТ
Тоҷикистон ҷашн дорад. 9 сентябр – ба ҷашни давлатии истиқлолияти кишвари азизамон – Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Ҷашне, ки Тоҷикистонро дар ҳудуди се даҳсола сари забони ҷаҳониён кардааст. Шукронаи истиқлолият, ки имрӯз Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад ва ин кишвари Осиёи Марказӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ касб кардааст.
Суоли мавриди назар ин аст, ки Тоҷикистон дар замони истиқлолият ба куҷо расид ва дурнамои истиқлолияти мо чӣ хоҳад шуд?
Ба манзури посух ба ин ва дигар суолҳо ба студияи Радиои Ховар даъват намудаем:
Бахтовар Сафаров, вакили мардумӣ, узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон.
Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, директори Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо.
Қурбонмад Гиёев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор.
Маъруф Абуҷабборов, сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ.









ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






