«МАВҚЕЪ»: БАРНОМАИ ТАҲЛИЛИИ ХУРШЕДИ ХОВАР (ҲАМДАМ) ДАР РАДИОИ «FM ХОВАР» (Нашри даҳум)
Тоҷикистон дар замоне соҳиби Истиқлолият гардид ва ба бунёди давлатдории хеш, аз ҷумла самти сиёсати хориҷии он пардохт, ки низоми сиёсии ҷаҳон рӯ ба дигаргунӣ оварда буд. Бар замми ин, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва дар чунин шароит сиёсати хирадмандонае бояд пеш гирифта мешуд, ки бақои давлат ва якпорчагии миллатро таъмин кунад ва мавқеи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад. Хушбахтона, дар он марҳилаи тақдирсоз, бо ҳидояти роҳбарияти кишвар, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва то имрӯз 151 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Ҳамин тариқ Тоҷикистон ар оғози солҳои 1990 ба узвияти ИДМ пайваст ва то кунун ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфуз фаъол аст. Ин буд, ки 12 октябри соли 2017 дар нишасти Сочӣ раёсати давраии ИДМ барои як соли дигарро яъне дар соли 2018 Тоҷикистон ба уҳда гирифт. Ҳамакнун 28 моҳи ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои Миллат, Преиенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Соҷӣ дар моҳи октябри соли 2017 дар суханронии худ таъкид карданд, ки Тоҷикистон Роҳкори раёсат дар ИДМ ва нақшаи иҷрои онро таҳия карда, дар татбиқи ҳадафмандонаи он ҳамаҷониба саҳм мегузорад.
Ҳамакнун суоли мавриди назар ин аст, ки дар як соли раҳбарӣ нақши Тоҷикистон дар ИДМ чӣ гуна буд ва Тоҷикистон чӣ роҳкорҳоеро мавриди иҷро қарор гузошт?
Шореҳи АМИТ «Ховар» Хуршеди Ҳамдам дар барномаи нави муаллифӣ ва таҳлилии «Мавқеъ» дар Радиои “Ховар” бо ширкати Имомназар Ҳақназар, муовини сардори раёсати сиёсати хориҷии МТС –и назди Презиенти ҶТ Амридин Шарипов, мудири кафедраи факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Алишер Идизода, коршиноси масоили сиёсӣ кӯшидааст, то ба ин суолҳо посух бигирад.
Дар зер сабти суҳбатро бишнавед.