«МАВҚЕЪ»: БАРНОМАИ ТАҲЛИЛИИ ХУРШЕДИ ХОВАР (ҲАМДАМ) ДАР РАДИОИ «FM ХОВАР» (Нашри нуҳум)
Сентябр 21, 2018
Назорати муассисаҳои беҳдоштӣ ва бахусус табобати дандон, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн омили солимии ҷомеа аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл дар суханроние ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолияти ин муассисаҳоро дар заминаи хадамоти тиббиву санитарӣ зери танқид гирифта, аз сохторҳои дахлдор назорати қатъӣ талаб карданд. Зеро вазъи қисме аз ин муассисаҳо боиси ташвиши ҷиддӣ аст.
Суоли мавриди назар ин аст, ки кӣ ба фаолияти ин муассисаҳо – дандонпизишкҳо, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо назорат мебарад? Чаро вазъи санитариву гигиенӣ дар ин муассисаҳо ба талабот ҷавобгӯ нест?
Ба манзури посух ба ин ва дигар суолҳо чанд тан аз намояндагони Хадамоти назорати давлати тандурустӣ ва мутахассисони соҳаро даъват намудаем.
Мурод Меликов, сардори бахши гигиенаи коммуналии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷамшед Саъдиев, сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои ғайридавлатӣ дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродалӣ Сафаралиев, табиби сироятшинос аз Бемористони клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ.
Дар зер сабти суҳбатро бишнавед.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






