МУРҒОБ БА МАРКАЗИ САНОАТӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД! Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи ғанигардонии маъдани нуқра қадами аввалин аст
ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзеи Якҷилваи деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб аввалин корхонаи калони саноатӣ дар ВМКБ — корхонаи ғанигардонии маъдани нуқра ба фаъолият оғоз кард. Дар маросими ифтитоҳи ин корхонаи муосир муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.
Корхонаи мазкур дар баланди 4 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол истихроҷи 50 ҳазор тонна маъдан ва истеҳсоли хокаи нуқра дар ҳаҷми 12,5 ҳазор тонна мебошад.
Барои бунёди корхонаи мазкур беш аз 90 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, дар марҳалаи аввали фаъолияти он 195 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.
Корхона бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶДММ «С.А. Менерализ» бо пешрафтатарин технологияи саноати кӯҳкорӣ бунёд гардидааст.
Зикр гардид, ки ба фаъолият оғоз кардани корхонаи мазкур дар баробари вусъат бахшидан ба раванди саноатикунонии минтақа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин ба афзоиш додани ҳаҷми содироти мамлакат қадами устувор мегузорад.









Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






