Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи андешаи миллӣ
Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост.
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 08.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чун сухан дар бораи нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ меравад, бояд гуфт, ки воқеан ҲХДТ ҳизби зодаи даврони Истиқлолият мебошад. Ин ҳизб бо ташаббус ва бар пояи ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1994 таъсис ёфт. Дар ин робита раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло РАҲМОНЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин иброз дошт:
Таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо ва фитнаву иғвои ҳангомаҷӯёну бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолият дар хатар ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Маҳз дар чунин марҳилае, ки ҷомеа ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор гардида буд, ташкили неруи сиёсие барои ислоҳи чунин вазъ зарур буд. Ин неруи сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омад ва тавонист буҳронҳои идеологӣ ва сиёсиро аз байн бурда, ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо гардад. Яъне Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда ва зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи солими сиёсӣ табдил ёфта, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба ояндаи дурахшон умед бахшид.
ҲХДТ ба халқ такя кард ва бо роҳандозии барномаҳои мукаммал тавонист неруи тавонои халқро ба самти ободии Ватан сафарбар намояд. Дуруст аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсис ҲХДТ тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини суботу оромиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Зеро барои халқи Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин аз ин арзишҳо дида, чизе муҳимтар набуд ва имрӯз низ бо назардошти фазои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти худро гум накардаанд. Ҳатто пойдории минбаъдаи Истиқлолияти давлатӣ, мавҷудияти миллат ва якпорчагии кишвар низ аз ин арзишҳо вобастагии амиқ доштанду доранд. Ҳизби мо ин арзишҳоро то имрӯз тарғиб карда истодааст. Беҳуда нест, ки шиори ҲХДТ барои солҳои 2015- 2020 “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, созандагиву ободонӣ, рушду устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум! ” эълон гардидааст. Зеро масъалаи ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои умда ва омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонанд, бахусус дар шароити имрӯзаи басо мураккаби геополитикӣ.
Дар ин замина муваффақияти ҲХДТ аз он иборат аст, ки тавонист дар ҳама манотиқи кишвар халқро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид созад. Дар маҷмӯъ, дар ин давра сохторҳои ҲХДТ, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон дар се самти муҳим фаъолият карда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Самти якум, ин ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар аз роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ буд. ҲХДТ бо такя ба хиради азалии миллати тоҷик ба ин марҳилаи маргу зиндагӣ комёб гашт, ки ин муваффақияти беназир аст. Айни замон бо назардошти авзои ноороми сиёсии ҷаҳон ва хуруҷи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ сохторҳои ҳизбии вилоят сатҳи огоҳии ҷомеаро дар баробари ин хатарҳо баланд бардошта, шиддати таъсири ақидаҳои ифротиро миёни ҷомеа ба тадриҷ аз байн бурда истодаанд. Муваффақияти мо дар ин самт аз он иборат аст, ки бо ташкили аксияву чорабиниҳо, истифодаи васеъ аз воситаҳои ахбори омма, вохӯрии мустақим бо сокинон ва дигар тадбирҳо тавонистем аз ифротӣ шудани ҷомеа ва дубора ба гирдоби нобасомониҳои солҳои навадум афтодани Тоҷикистон пешгирӣ намоем.
Самти дуюм, ин ташаккули афкори ҷомеа дар роҳи шинохти моҳияти давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин росто бо тарғиби таърихи куҳан, қадршиносӣ аз шахсиятҳои бузурги миллат, эҳёи суннатҳои аҷдодӣ ва бедор гаштани ҳисси худшиносии миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Вобаста ба ин бо роҳандозии барномаҳои фарогири сиёсати дохиливу хориҷӣ ва якҷоя бо мардум пурра ва босифат иҷро намудани нақшаҳои худ тавонистем ба бовариву эътимоди халқ сазовор гардем, ки ин орзуи тамоми ҳизбҳои сиёсист. Самти сеюм, ин сафарбар намудани неруи бузурги халқи меҳнатқарини тоҷик ба ободонии Ватан ва ташаккул додани тафаккуру завқи баланди созандагӣ ба ҳисоб мерафт. Рушди рӯзафзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла Хатлон гувоҳи муваффақият дар ин самт аст. Дар ин миён аз самтҳои соҳавӣ низ метавон ном бурд, ки дастовардҳои ҲХДТ дар ин ҷода беназиранд ва тафсилоти он шоистаи барномаи ҷудогона мебошад.
Дар маҷмӯъ, ҳар се омил ба суботи сиёсӣ, рушди андешаи миллӣ ва созандагиву ободонии Ватан мусоидат намуда, ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузоштанд.
Дарвоқеъ, “Истиқлолият ин хонаи обод, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст”. Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сохторҳои ҲХДТ, аз ҷумла, ҳизбиёни вилояти Хатлон бо масъулияти баланд қабул намуда, ҳамвора дар роҳи пешбурди сиёсати давлат ва таҳкими дастовардҳои Истиқлолият саҳм гузошта истодаанд. Бо ин мақсад, сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон пайваста дар миёни ҷомеа, махсусан, дар деҳаву маҳаллаҳо вохӯрӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ташкил карда, мардумро ба амалисозии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ки пеш аз ҳама, ба таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона гардидааст, сафарбар менамоянд.
Воқеан, бояд ёдовар шуд, ки он ҳама масъалаҳое, ки имрӯз дар фаъолияти ҳизбиёни вилояти Хатлон ба сифати самти асосии корӣ қабул шудаанд, ҳамагӣ ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ равона гардидаанд.
Саҳми мо дар роҳи таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ- ин ватандӯстӣ, ҳимояи шаъну шарафи давлат, фаъолнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи дурусти фарзандон, асолатмандӣ, дурӣ аз тақлиду бегонапарастӣ, анҷом додани амалҳои бунёдкорона ва амсоли инҳо мебошад. Айни замон, ки аз 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ истиқбол мегирем, бо назардошти таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар ҳифзи он бештар кӯшиш намоем. Зеро, мутаассифона, то ҳанӯз гурӯҳҳое ҳастанд, ки тоби дидани ваҳдату суботи миллати тоҷикро надоранд ва дастовардҳои бузурги солҳои соҳибистиқлолиамонро ба ҳар роҳу восита мехоҳанд хурд нишон диҳанд.
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушдро ба вуҷуд оварда, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Хушбахтона, таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъулият, ки дар пасманзари маргу зиндагӣ ба вуҷуд омада буд, сарбаландона баромад. Дар марҳилаи навбатӣ вазифаи аҳли ҷомеа, хусусан, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз он иборат аст, ки:
- Манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузошта, ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлолро бештар намоянд;
- Сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату ҳукуматро тарғиб карда, дар зеҳни ҳар як сокини кишвар ҳисси инсондӯстӣ ва донистани аҳамият ва қадру манзалати Сулҳу Ваҳдатро тарбия намоянд;
- Ҷомеаро аз хатарҳои муосири геополитикӣ аз роҳи таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмиллалӣ, бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва пайдоиши нишонаҳои марҳилаи навини “ҷанги сард” пурра огоҳ созанд;
- Амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалиро тарғиб карда, минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои олии дар ин самт пешбинишуда ҷаҳду талош намоянд;
- Кӯшишҳои давлату ҳукуматро дар мавриди даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегӣ ба мардум шарҳ диҳанд;
- Дар ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзандон дар хона ва баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ дар муомила муносибат ва рафтору гуфтор саҳмгузор бошанд;
- Ҳисси ифтихор аз ҷашну оинҳои миллиро ташаккул диҳанд ва ғайра.
Биёед, барои ободии ин Ватану сарсабзии ин сарзамин софдилона хизмат намоем,
Биёед, барои ояндаи дурахшони миллат ба фарҳангу суннатҳои аҷдодиамон арҷ гузорем,
Биёед, барои рушди кишвари озоду соҳибистиқлоламон неруи созандаи худро сафарбар созем.