Намояндагони ВАО аз Маркази вилоятии наркологии шаҳри Кӯлоб дидан намуданд

Сентябрь 12, 2018 14:30

ДУШАНБЕ, 12.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз бо ташаббуси Барномаи пешгирии паҳншавии маводи нашъаовар дар Осиёи  Марказӣ (CADAP) як гурӯҳ намояндагони  ВАО   ба Маркази вилоятии наркологии шаҳри Кӯлоб сафарбар шуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  рӯзноманигорон  зимни сафар  аз фаъолияти ин марказ ва таҷҳизоти тиббие, ки соли гузашта аз ҷониби Барномаи CADAP ба ин Марказ тақдим шуда буданд,   дидан намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Барномаи CADAP соли сипаригардида таҷҳизоти махсусгардонидашуда,  аз қабили катҳои беморхона, ларингоскопҳо, дефибрилляторҳо, мониторҳо барои назорати ҳолати беморон, консентратҳои оксиген,    таҳлилкунандаи  нимавтоматии биохимиявӣ ва ғайраро ба Маркази вилоятии норкологии №2-и шаҳри Кӯлоб супорида буд.

Дар  ин вохӯрӣ рӯзноманигоронро директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадраҳим Малахов, директори Маркази    вилоятии наркологии №2-и шаҳри Кӯлоб Зоир Сабуров ва намояндагони Барномаи  CADAP дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

Маҳмадраҳим Малахов зикр кард, ки «мо итминон дорем, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои  асосии сиёсат оид ба мубориза бар зидди нашъамандӣ самаранокии тадбирҳоро ҷиҳати кам кардани пешниҳод ва талабот ба маводи нашъаовар баланд мекунад. Он инчунин ба паст кардани таҳдиди нашъамандӣ  кумак мерасонад».

«Ин таҷҳизоти тиббие, ки ба мо ворид шудаанд,  дар шуъбаи ёрии таъҷилӣ истифода бурда мешаванд. Дар заминаи ин шуъба кумаки махсуси наркологӣ дар ҳолатҳои истеъмолии аз воя зиёд ва дигар ҳолатҳо   пешкаш карда мешавад. Бо истифодаи таҷҳизоте, ки аз тарафи Барномаи   CADAP дастрас карда шудаанд, тӯли як сол ба зиёда аз 90 нафар беморони нашъаманде, ки бо сабаби заҳролудшавӣ  дар натиҷаи аз меъёр зиёд истифода бурдани маводи нашъадор  ба марказ дастрас гардиданд, ёрии таъҷилӣ расонида шуд ва онҳо  ба ҳаёти дубора баргардонида шуданд», — гуфт дар суҳбат директори Маркази    вилоятии наркологии №2-и шаҳри Кӯлоб Зоир Сабуров.

Бояд гуфт, ки таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби CADAP дар асоси дархости расмӣ аз Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ харида шудааст. Арзиши таҷҳизоти мазкур 41 000 евро мебошад.

Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо  маблағгузорӣ шуда, бо Консорсиуми кишварҳои Нидерландия, Чехия, Полша ва Германия дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Германия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) амалӣ мегардад.

 

Сентябрь 12, 2018 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд