ОБУ ҲАВО: имрӯз ҳарорат дар Тоҷикистон ба 36 дараҷа мерасад

Сентябрь 7, 2018 08:34

ДУШАНБЕ, 07.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, танҳо дар шарқи ВМКБ боридани борон дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво то охири ҳафта муътадил боқӣ мемонад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар шарқи вилоят боридани борон дар назар дошта шудааст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16, рӯзона 27+32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2-7 ва рӯзона +15+20 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +9 +14 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Сентябрь 7, 2018 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад