ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 12.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шурӯъ аз имрӯз то охири ҳафта дар кишвар ҳарорат рӯ ба пастшавӣ меорад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 7-12, рӯзона 25+30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+16 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +10 +15 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +10+12 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






