«ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН БОЯД ФУРӮЗЕМ АЗ ШАРАР…». Муроҷиати Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ба роҳбар ва фаъолони Ҳизби наҳзат

Сентябрь 6, 2018 15:34

ДУШАНБЕ, 06.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон-Тоҷикистон яке аз дастовардҳои беназири миллати мо дар тўли таърих мебошад. Ҳар як халқу миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарзандони донишманду хирадманд, адибони нотакрор, роҳбарони одилу хайрхоҳ, созандаву бунёдкор мешиносанд. Шахсиятҳое, ки чунин хислатҳоро доро ҳастанд,  мояи ифтихор барои насли имрўзу оянда мебошанд.

Вале, мутаассифона, дар қатори чунин шахсиятҳои муътабар дар ҷомеа касони бадкирдору бадтинат низ ҳастанд, ки барои ҷоҳу ҷалол шуда Ватан-Модар,  ба давлату миллати худ хиёнат мекунанд ва обрӯи кишварро мерезонанд.

Дар иртибот ба ин мавзӯъ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул ҚОСИМЗОДА чунин иброз дошт:

— Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи   шахсиятҳои бузурги миллати мо  ҳастанд, зеро нақши Сарвари давлат дар рушди давлати навини тоҷикон хеле бузург аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои хирадманд ва донишманд мо халқи тоҷик аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфт, гурезаҳо ба Ватан-ба сарзамини аҷдодӣ баргаштанд, амният ва сулҳу субот дар кишвар ҳукмфармо шуд.

Як замоне кишвари тоҷикзамин,

Буд макони душманию буғзу кин,

Мардумаш буданд бо ҳам дар низоъ,

Иддае мекард бо кишвар видоъ,

Он яке мебурд аз ҳамсоя мол,

В-он дигар буд аз пайи ҷангу ҷидол.

Бале, чунин буданд рўзҳои сангини Ватан. Аммо бадхоҳони миллат ба мақсади нопоки худ нарасиданд, зеро роҳбарии Тоҷикистон ба зиммае шахсе вогузор шуд, ки тавассути донишу  хиради худ, бо  ақлу заковат  ва сиёсати  оқилонаи худ тавонист мардумро дубора ба Ватани маҳбубашон баргардонад, сарҷамъ ва муттаҳид созад, мардумро бовар кунонад, ки танҳо худи мо, тоҷикон метавонем Ватани худро  ободу хуррам гаордонем.

Андар он вазъияти беадлу дод,

Омада бар тахт марде некзод,

Синаашро баҳри мардум кард сипар,

Ҷони худ бигзошт дар зери хатар,

Он замон бо душманонаш сулҳ баст,

Тухми шару кина аз дилҳо гусаст.

Тоҷики овораро сарҷамъ кард,

Халқро парвона худро шамъ  кард.

Ин фидокорӣ ва заҳматҳои шабонарўзии Сарвари давлатро қадр намуда, суботу осоиш ва ободии Ватанамонро бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, нагузорем пойи нохалафе бар замини биҳиштосои мо расад, фидокор бояд бошем, ватандўст бояд бошем.

Чун амиқ ба масоили  ҳаррўзаи ҷаҳон афканем, мебинем, ки сокинони кишварҳои гуногун имрӯзҳо ба садҳо мушкилӣ мувоҷеҳ гашта, пайи ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли ин мушкилот, таъмини амният ва осоишу ободии кишварҳояшон фидокорона, баъзан ҷони худро ба гарав монда,  заҳмат мекашанд. Ва дар ин роҳи пуршебу фароз иддае       тарки ватан ва хоки диёри азизи худ мекунанд,  қисмати дигар  ҳадафи тири ҷонсӯз ва тӯъмаи чанголи террористону экстремистон  қарор мегиранд.

Тоҷикистон, бо вуҷуди ҷавон буданаш, имрӯзҳо  тамоми шароитро барои сокинонаш муҳайё сохтааст, ободу орому осуда аст, сарзаминест дилкашу роҳатбахш ва роҳ сӯи ободию тараққиёти ҷиддӣ пеш гирифтааст.  Пас  моро мебояд, ки ин неъматҳои бебаҳоро муқаддас нигоҳ дорем, барои ҳифзи марзу бумаш ҷон фидо кунем.

Мавриди зикр аст, ки  13 августи соли ҷорӣ тариқи телевизиони Тоҷикистон намоиши филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» пахш гардид, ки боз як исботи дигар аз амалҳои пур аз даҳшати Ҳизби наҳзат  мебошад. Дар ин филм Аёмиддин Сатторов бо номи «Мулло Аёмиддин» иброз медорад, ки ў яке аз ташкилкунандагони ҳизби наҳзат асту мардумро ба доми гумроҳиву ҷоҳилӣ мекашид, гирдиҳамоиҳо ташкил медод. Асосан дар Маскав мардумро ҷамъ мекарданду баъдан ба пойгоҳи низомии Эрон  мефиристонданд. Он ҳама бадбахтиҳое, ки  боиси рехтани ашки ҷонсӯзи  модарони тоҷик (аз қисмати  фарзандони гумроҳашон) гардидааст,  маҳз Муҳиддин Кабирӣ ва дигар саркардаҳои ин ҳизб ба сари мардум  овардаанд. Онҳое, ки  хиёнат бар Ватану модари худ карда ва акнун номардона  мехоҳанд Ватани осудаи моро нотинҷ гардонанд.

Агар модарони шумо,  эй разилон, медонистанд, ки дар оянда даст ба хиёнат ва  куштори ҳамватанони худ мезанед, шояд  ҳаргиз  шуморо  ба олами ҳастӣ намеоварданд…

Ҷанги шаҳрвандӣ маҳз бо супориши ҳизби наҳзат  сар зада буд, инро ҳама медонанд. Бинобар ин, ба сарвари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ мехоҳам хитоб намоям: ту ҳаргиз ба мақсади нопокат нахоҳӣ расид ва хоҷагони хориҷиат низ наметавонанд Ватани моро хароб созанд, зеро мо, халқи Тоҷикистон, дасти бародарӣ ба ҳам  дода,  пеши роҳи ҳама нақшаҳои  ноҷавонмардонаи шумоёнро хоҳем гирифт! Мо дар ин ҷабҳа, агар лозим ояд, ҷони худро фидо хоҳем кард! Пайравони ту аз корҳои кардаашон дигар шарм медоранду пушаймон шуда, ба Ватан бармегарданд.

Бубин! «Мулло Аёмиддин» ва «Қиёмиддин Ғозӣ»-ро, ки бо ин ҳама ҷоҳилияшон, даст задан ба куштори ҳамватанонашон худро дар назди Модар-Ватан гунаҳгор меҳисобанд, зеро  шири поки модар ва меҳри Ватан онҳоро водор сохт, ки роҳи интихоб кардаашон нодуруст аст. Шири сафеди модар тавонист дили сиёҳи фарзандро сафед созаду роҳи дурусту покро интихоб намояд ва меҳри Ватан тавонист онҳоро ба оғўши гарми худ баргардонад. Пас,  чаро, эй бадхоҳи миллат, талош меварзӣ, то ки меҳани азизамонро хароб гардонӣ?! Наход то ин ҳад  номусу нанг аз ту дур шудааст?!

Бо меҳру муҳаббат модари мушфиқу ғамхору дилсўз ба ту шири поки худро медод, шабҳо хоби худро фаромуш мекард  ва туро мехобонд, худ намепўшид, вале туро мепўшонд ва мухӯронд, бо сад орзуву ҳавас туро ба воя расонд, то ин ки ободгари Ватан бошӣ, на ин ки боиси харобшавияш гардӣ. Бо ин ҳама кирдорҳои номатлуби худ на танҳо дили модари худ, балки дили садҳо, ҳазорҳо модари тоҷикро ранҷондӣ.

Ту медонӣ, ки Ватани азизи мо шахси гунаҳгорро мебахшад, бингар ба пайравони худ, ки дар озодӣ ҳастанду озод зиндагӣ доранд. Рўзе мешавад, ки аз карда пушаймон гашта, хоки Ватанро ба рўй мемоливу саҷда зери пойи ҳар як модари тоҷик мекунӣ. Он рўз ҳатман фаро  хоҳад расид!

Аёмиддин Сатторов иброз медорад, ки ӯ  ба ғайр аз  узви ҳизби наҳзат буданаш  боз дастпарвари Эрон буда, супоришҳои хоҷагони эронии худро иҷро менамуд. Яке аз  вазоифи  ӯ таблиғи ақидаҳои ифротӣ, ҷалби ҷавонон бо роҳи таҳсил дар муассисаҳои динии Эрон будааст. «Мулло Аёмиддин» аз кардаҳои худ пушаймон гашта,  худро дар рехтани хуни яксаду панҷоҳ ҳазор инсонҳои бегуноҳ ва инчунин сабабгори муҳоҷиру сарсон гаштани миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гунаҳгор медонад. Ӯ барои он ки   модарони тоҷикро аз фарзандонашон ҷудо кардааст, худро гунаҳгор меҳисобад. Ӯ акнун ба маънии ин ҷумла сарфаҳм рафтааст: ҳамеша ва дар ҳама ҳолат қувваи некӣ бар бадӣ, равшанӣ бар торикӣ, покӣ бар фасод, ҳақиқат бар дурӯғ ғолиб меояд.

Ашки хунолуди модарон, дуои сахти падарон ҳаргиз туро ором намегузорад, Муҳиддин Кабирӣ ва бидон, ки Тоҷикистон то абад пойдор хоҳад монд ва мақсадҳои нопоки ту, нафси бади ту худатро ба нестӣ  хоҳад бурд.

Кўҳро хоҳем агар тобад чу арзан дар назар,

Оташи меҳри Ватан бояд фурўзем аз шарар.

Худ фурўзему ғанимат ҳар нафасро бишмарем,

Об агар ки рафт, бар ҷў бар намегардад дигар.

Сентябрь 6, 2018 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад