«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали дӯстии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир» бо иштироки як гурӯҳ ҷавонони фаъоли мамлакат дар ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад. Дар доираи он меҳмонону иштирокчиён якчанд ташкилоту муассиса, корхонаҳои саноатӣ ва минтақаҳои табиии ноҳияи Рӯдакиро тамошо намуданд.
Фестивал аз 1 то 5 май идома меёбад.
Дар рӯзи дуюми он иштирокчиён бо Китобхонаи марказӣ ва Осорхонаи марказии ноҳия, Маркази рушди инноватсионӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии «Мумтоз»-и ноҳия, утоқҳои кории волонтёрон ва кормандони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, осорхонаи ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев, хоҷагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фирдавсӣ» дар Ҷамоати деҳоти Лоҳур, корхонаи истеҳсоли қолини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷфейза» ва корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарҷамъ» шинос шуданд.
Ҳамчунин давоми рӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия тамошои дастҷамъӣ ва маросими гулчанбаргузорӣ дар назди нимпайкараи қаҳрамони халқи тоҷик — Спитамен баргузор шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






