МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад

Май 3, 2024 13:21

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол маротибаи аввал дар Тоҷикистон таҳти унвони «Гютер  Уэкер ва арҷгузорӣ ба Ҳофиз» намоиши асарҳои рассоми олмонӣ профессор Гютер Уэкер  баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишгоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ташкилоти  «Art@ Culture International»  мулоқот ва мубодилаи афкор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Вазорати фарҳанги мамлакат барои таҳкиму густариши ҳамкории дуҷонибаи фарҳангӣ бо Олмон ҳамкории судманд намуда, баргузории намоиши санъати рассомиро дар Тоҷикистон қобили дастгирӣ мешуморад.

Бояд гуфт, ки Гютер Уэкер  рассоми олмонӣ буда, асарҳояшро бештар бо мех меофарад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Май 3, 2024 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд