Пешвои миллат: «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016-2020» 121 лоиҳаро ба маблағи умумии 214 миллион сомонӣ дарбар мегирад»

Сентябрь 14, 2018 09:45

ДУШАНБЕ, 14.98.2018. /АМИТ «Ховар»/. Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз заҳматдӯстиву қавииродагӣ  ва мушкилнописандии  мардуми диёри баландкӯҳи Мурғоб, ки ҳамеша барои беҳтар шудани шароити рӯзгору ободии маҳалли зист, пешрафти ноҳияи худ саъю талош  ва дар фазои ваҳдату дӯстӣ,  ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ фаъолият мекунанд, изҳори  хушнудӣ  намуданд.

Сарвари давлат ҳамзамон  хотиррасон шуданд, ки «дар тӯли  27  соли истиқлолият дар ноҳияи Мурғоб аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ба маблағи умумии 284 миллион сомонӣ зиёда аз 140 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки   70 фоизи маблағҳои азхудшуда танҳо ба се соли охир рост меояд. Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2005-2009», барои таъмини аҳолии ноҳия бо молҳои ниёзи аввалия, муассисаҳои иҷтимоӣ бо ангиштсанг, муассисаҳои таълимӣ бо ҷойи нишасти иловагӣ ва маводи хониш 14 миллион сомонӣ равона карда шудааст».

Роҳбари давлат  иброз доштанд,  ки  тибқи «Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» аз ноҳияи Мурғоб зиёда аз 1600 сар қутос харидорӣ карда шуда, ба ин мақсад аз буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби сармоягузорон 2,5  миллион сомонӣ равона гардидааст.

Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки дар «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» иҷрои корҳои ҷустуҷӯиву арзёбӣ дар зуҳуроти кони Ясногор пешбинӣ гардида, ба ин мақсад аз буҷети давлатӣ зиёда аз 8 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» корҳои ҷустуҷӯиву арзёбӣ дар зуҳуроти титани Башгумбез, Барфӣ ва кони флюорити Чамбой ба нақша гирифта шудаанд.

«Танҳо дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат барои дастгирии буҷети ноҳия 115 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти бунёди иншооти энергетикиву коммуникатсионӣ ва саноатӣ қариб 200 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Илова бар ин, қариб нисфи маблағҳои дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016-2020 азхудшударо, ки 121 лоиҳаро ба маблағи умумии 214 миллион сомонӣ дар бар мегирад, маблағҳои буҷети давлатӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сармояи хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар зарфи дуюним соли татбиқи барнома 11 иншооти нав ба истифода супорида шуда, дар 17 иншоот ба маблағи 18 миллион сомонӣ корҳои бунёдкорӣ бомаром идома доранд», —  афзуданд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «ҳукумати кишвар барои рушди минбаъдаи инфрасохтори иҷтимоиву коммуникатсионӣ, пешрафти соҳаҳои кишоварзиву саноат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳияи Мурғоб маблағгузории буҷетиро тибқи барномаҳои гуногуни соҳавӣ мунтазам афзоиш дода истодааст».

 

 

Сентябрь 14, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ