ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, сешанбе, 247-умин рӯзи соли 2018 аст

Сентябрь 4, 2018 08:01

4 сентябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ санги асос гузошта шуд.

***

6 сол пеш, 4 сентябри соли 2012 Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чанд корхонаи технологии шаҳри Бангалори Ҳиндустон дидан карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 қабл аз баргузории Ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи «Жэнмин жибао» ҷавоб доданд.

4 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи китоб.

***

Рӯзи байналмилалии таэквондо.

***

Дар Аргентина — Рӯзи муҳоҷират.

***

Дар Молдова – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

РӮЙДОДҲО:

4 сентябри соли 1960 сохтмони қисми якуми корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе оғоз гардида буд. Ин корхона ҳоло «Сементи тоҷик» ном дорад, ки дар замони Шӯравӣ дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол мекард.

***

4 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ифтитоҳ ёфт.

***

Як сол пеш, 4 сентябри соли 2017 Бонки миллии Ӯзбекистон аввалин маротиба дар бораи мубодилаи асъори сӯми ӯзбекӣ ба сомонии тоҷикӣ эълон пахш намуд.

***

4 сентябри соли 1881 баландтарин ҳарорати ҳаво дар қитъаи  Аврупо дар Испания ба қайд гирифта шуд, ки +50,0°С – ро ташкил дод.

***

130 сол муқаддам, 4 сентябри соли 1888 Ҷорҷ Истмен  барои бақайдгирии тамғаи тиҷоратии «Kodak» патент ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1998 ширкати «Google» таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2006 дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии кӯдакону наврасон- «Баҳористон» ба фаъолият шурӯъ кард.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

Сентябрь 4, 2018 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ