Тоҷикистон мизбони бозиҳои муқаддамотии интихобии олимпии соли 2020 оид ба футболи бонувон интихоб гардид

Сентябрь 4, 2018 14:20

ДУШАНБЕ, 4.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мизбони бозиҳои муқаддамотии интихобии олимпии соли 2020 аз намуди  футболи бонувон интихоб гардид. Солҳои охир Конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон эътимоди беандоза дошта, дар мамлакати мо як зумра  мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ барпо менамояд. Худи ҳамин сол  дар Тоҷикистон марҳалаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 байни дастаҳои бонувони то 16 ва 19-сола  гузаронида мешавад. Бар замми ин боз як мусобиқаи сатҳи баланд —даври аввали мусобиқоти интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А” –и Осиё байни  дастаҳои мунтахаби футболи бонувон дар Тоҷикистон пешбинӣ гардид.

Аз рӯи тақвим, мусобиқаҳо аз  4 то 13 ноябр дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе барпо мегарданд. Дар он дастаҳои мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон, Тайбэйи Чин, Филиппин, Сингапур ва Муғулистон ширкат меварзанд.

Тибқи натиҷаи ин мусобиқа, ғолиб ва дастае, ки дар гурӯҳ ҷойи дуюмро сазовор мешавад, мустақиман ба бозиҳои оянда роҳхат мегирад. Инчунин дастаи беҳтарини ҷойи сеюм низ имкон дорад аз рӯи натиҷаи беҳтар нисбат ба дигар гурӯҳҳо озими даври дуюм гардад.

Даври 1-ум

4 ноябр (якшанбе)

Сингапур – Филиппин

Муғулистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

6 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Тайбэйи Чин

Муғулистон – Сингапур

Даври 3-юм

8 ноябр (панҷшанбе)

Тайбэйи Чин – Муғулистон

Филиппин – Тоҷикистон

Даври 4-ум

11 ноябр (якшанбе)

Филиппин – Муғулистон

Сингапур – Тайбэйи Чин

Даври 5-ум

13 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Сингапур

Тайбэйи Чин – Филиппин

 

 

 

Сентябрь 4, 2018 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад