ВМКБ: дар нуқтаи баландтарини Осиёи Марказӣ дидбонгоҳи нави марзӣ ифтитоҳ гардид

Сентябрь 7, 2018 09:40

ХОРУҒ, 7.09.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Сарҳадбонони дидбонгоҳи Харгушӣ, ки дар мавзеи дурдасти   ноҳияи  Ишкошим ҷойгир аст, соҳиби бинои замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири хизмати низомӣ гардиданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ бо ҳузури Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров дидбонгоҳи мазкур расман ба фаъолият оғоз кард.

Хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файз МИРАСАН гузориш медиҳад.

Мавзеи Харгушӣ яке аз нуқтаҳои дурдаст ва баландтарини на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Он дар баландии наздик ба 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва касе агар бори аввал ба ин ҷо қадам ниҳад, ба душворӣ нафас мекашад. Интиқол додани маҳсулоти сохтмонию ғизоворӣ ба ин мавзеъ душвор аст, аммо сарфи назар аз ин дидбонгоҳи мазкур дар муҳлати  муаяншуда ва мутобиқ ба ҳама гуна талаботи шароити хизмат бунёд гардид.

Котиби Шӯрои амнияти мамлакат Абдураҳим Қаҳҳоров дидбонгоҳи Харгӯширо ифтитоҳ карда, аз хобгоҳ, ошхона, хонаи афсарон, маркази гармидиҳӣ ва маҷлисгоҳ дидан намуд.

Воқеан ҷои хоби сарбозон тозаву озода буда, ҷиҳози хоб минбаъд баъди муддати муайян иваз карда мешавад. Хобгоҳи марзбонон бо ду усул гарм карда мешавад-ҳам ба воситаи неруи барқ ва ҳам ангиштсанг.

Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба масъулини дидбонгоҳи мазкур дастур дод, ки ба масъалаи дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани маркази гармидиҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Зеро  ин мавзеъи баландкӯҳ зимистони тӯлонӣ дорад ва баъзан сардии ҳаво аз 45 дараҷа низ убур мекунад.

Баъди шиносоӣ бо шароити хизматию маишии дидбонгоҳ Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ  бо сарбозону афсарони ин дидбонгоҳ мулоқот намуда,  онҳоро аз номи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи дидбонгоҳи замонавӣ табрик карда, изҳор дошт, ки Сарвари давлат барои беҳтар намудани шароити зисту хизмати марзбонон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Танҳо дар 10 соли охир дар мамлакат зиёда аз 150 адад дидбонгоҳҳои хурду бузург сохта шуданд. Ин ҳама ба хотири он аст, ки  марзбонон дар хати аввали мубориза бо террористону даҳшатафканон қарор доранд. Шабу рӯз чашмонашон боз аст, то ҳамватанони онҳо орому осуда, дар фазои амн зиндагӣ кунанд. Дар ин минтақаи марзӣ ҳамаи сокинон марзбон ба шумор мераванд. Бинобар ин Котиби Шӯрои амнияти кишвар аз марзбонон даъват кард, ки дар муҳофизати сарҳад бо сокинони маҳаллӣ ҳамкории зич ба роҳ монанд.

 

 

Сентябрь 7, 2018 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»