150 – солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии мавзеи Кангурт таҷлил гардид

Октябрь 29, 2018 16:54

ДУШАНБЕ, 29.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз қабл бахшида ба 150–солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ  дар шаҳри Душанбе бо ширкати олимони Академияи илмҳо, мақомоти давлатӣ ва аҳли адабу фарҳанг конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Инчунин таҷлили 150 – солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар зодгоҳаш дар Боғи фарҳангу фароғатии мавзеи Кангурт, ки дар маркази он муҷассамаи ин шоири нозукбаён қомат барафрохтааст, сурат гирифт. Ба ҷуз аҳли мавзеи Кангурт ва ноҳияи Темурмалик, ҳайате аз аҳли адабу фарҳанг ва илми тоҷик аз маркази ҷумҳурӣ низ дар ин маҳфил ширкат карданд.

Таҷлили 150 — солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ бо баргузории намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ оғоз ёфт. Масъулони барнома ва меҳмонон аз ин намоишгоҳ дидан карда, бо ҳунари мардуми Кангурт аз наздик шинос шуданд. Баъдан чорабинии асосӣ- таҷлили 150 – солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ доир шуд, ки онро бо сухани табрикотӣ раиси ноҳияи Темурмалик Эмомидин Аслов оғоз намуд.

Раиси ноҳияи Темурмалик меҳмонону сокинонро ба муносибати 150 – солагии зодрӯзи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, шоири нозукбаёну нуктасанҷи тоҷики охири асри XIX ва аввали асри XX шодбош гуфт. Вай аз Ҳоҷӣ Ҳусайн ба унвони беҳтарин шоири музофотӣ ном бурда, зикр кард, ки мавсуф дар қатори Шамсиддини Шоҳин аз шоирони номдори Хатлон маҳсуб мешавад.

Муовини президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати фарҳангиёну донишмандони тоҷик Абдураҳмон Муҳаммад таҷлили 150 – умин солгарди Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро дар зодгоҳаш намунаи беҳтарини қадршиносӣ ва арҷгузории  ин нобиғаи илму адаб унвон кард. Вай гуфт, ки дар зодгоҳаш Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро эҳтиром мекунанд ва ҳукумати ноҳия низ ба хотири гиромидошти номи ин абармарди охири қарни XIX ва аввали қарни XX солгарди ӯро ботантана баргузор кардааст.

Номзади илми филология ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Амирхуҷа Абдураҳимов гуфт, ки аҳли фарҳангу илми тоҷик низ пешниҳод доранд, то ба хотири зинда нигоҳ доштани ному пайкори ин шоири ширинсухан дар зодгоҳаш осорхонаи ӯ бунёд шавад ва дар ин махзан тамоми ашъор ва таълифоти ӯ гирдоварӣ шаванд.

Муслиҳиддин Шамсиддин, ягона набераи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти вилояти Хатлону ноҳияи Темурмалик ва Академияи илмҳои Тоҷикистон  барои таҷлили 150 – солагии зодрӯзи ин шоири саршинос тақдир кард.

Ба гуфтаи вай, гиромидошти ному пайкори Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ имкон медиҳад, то наслҳои баъдӣ дар бораи ин шоири нуктасанҷ бидонанд ва ашъору таълифоти ӯро аз худ намоянд.

Дар поёни маҳфил барномаи фарҳангӣ – ва фароғатӣ бо ширкати ҳунармандону овозхонони минтақа ва ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ яке аз суханварони  нозукбаёну  нуктасанҷи  тоҷики  охири қарни нуздаҳ ва аввали садаи бисти мелодӣ мебошад. Ў дар эҷоди  шеър дасти тавоно, тахайюли рангин ва дар хушнависию наққошӣ  истеъдоди  нодир доштааст. Завқи баланд, истеъдоди фитрӣ ва ҳунарварии вайро донишмандони нуктасанҷ ва аҳли илму адаби Бухорои Шариф ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш эътироф намудаанд. Аксари  тазкиранависон ба ашъори рангину ширин ва пурмаънои Ҳоҷӣ Ҳусайн баҳои муносиб ва баланд додаанд. Аз ҷумла, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарами Бухороӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» менависад: «Ҳоҷӣ  тахаллуси сухансанҷу волофитрат, дарёнаварду  сонеъзамир, саҳронаварду сонеътироз, қаламзану бадеъпардоз, нигорандаи мабонӣ, нигористони маонӣ Мулло Муҳаммади Хатлонӣ. Таҳсили улум ба назди  асотизи (устодон) дорулфохира (Бухоро) карда, пайки тараддуд ба ҳар кўча даррасида,  абвоби футуҳро дар ҳарб ба рўйи худ кушода, аз ҳар  тумане донаро рабуда, пас аз он ба улуфи худ тарки иқомат андохта. Дар он ҷо байни акобиру  асокир (хурду калон) эътибори  тамом  ёфта, ашъори  худро ба таркиби девон кашида, дар матбааи Тошканд ба зевари табъ расида».

Ин шоири  ширинсухан ва  хушнависи зарқалам дар байни мардуми  тоҷик  бо исми  Ҳоҷӣ Ҳусайни  Кангуртӣ машҳур  аст. Ў соли 1868-и мелодӣ дар деҳаи  Қарақамиши  Кангурти  Хатлонзамин дар хонадони Зокир-девонбегӣ чашм  ба олам кушодааст. Гузаштагонаш аслан аз деҳаи Даштиканаки собиқ ноҳияи  Сарихосоранд, ки шаҷараи онҳо ба Хоҷа Аҳмади Косонӣ, машҳур ба Махдуми Аъзами Даҳбедии Самарқандӣ мерасад.

Падари  Муҳаммадҳусайн Раҳим ибни Зокир-девонбегӣ рутбаи мирохўрӣ дошта, дар Норак ва Кангурт ба ҳайси соҳибмансаби давлатӣ ифои вазифа мекард. Ў яке  аз шахсони   фозили замони худ буда, дар маърифатнок кардани  фарзандаш  кўшиши  зиёде ба харҷ  додааст.

 

Хуршеди ХОВАР,
АМИТ
«ХОВАР»

Октябрь 29, 2018 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд