150 – солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии мавзеи Кангурт таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз қабл бахшида ба 150–солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар шаҳри Душанбе бо ширкати олимони Академияи илмҳо, мақомоти давлатӣ ва аҳли адабу фарҳанг конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.
Инчунин таҷлили 150 – солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар зодгоҳаш дар Боғи фарҳангу фароғатии мавзеи Кангурт, ки дар маркази он муҷассамаи ин шоири нозукбаён қомат барафрохтааст, сурат гирифт. Ба ҷуз аҳли мавзеи Кангурт ва ноҳияи Темурмалик, ҳайате аз аҳли адабу фарҳанг ва илми тоҷик аз маркази ҷумҳурӣ низ дар ин маҳфил ширкат карданд.
Таҷлили 150 — солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ бо баргузории намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ оғоз ёфт. Масъулони барнома ва меҳмонон аз ин намоишгоҳ дидан карда, бо ҳунари мардуми Кангурт аз наздик шинос шуданд. Баъдан чорабинии асосӣ- таҷлили 150 – солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ доир шуд, ки онро бо сухани табрикотӣ раиси ноҳияи Темурмалик Эмомидин Аслов оғоз намуд.
Раиси ноҳияи Темурмалик меҳмонону сокинонро ба муносибати 150 – солагии зодрӯзи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, шоири нозукбаёну нуктасанҷи тоҷики охири асри XIX ва аввали асри XX шодбош гуфт. Вай аз Ҳоҷӣ Ҳусайн ба унвони беҳтарин шоири музофотӣ ном бурда, зикр кард, ки мавсуф дар қатори Шамсиддини Шоҳин аз шоирони номдори Хатлон маҳсуб мешавад.
Муовини президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати фарҳангиёну донишмандони тоҷик Абдураҳмон Муҳаммад таҷлили 150 – умин солгарди Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро дар зодгоҳаш намунаи беҳтарини қадршиносӣ ва арҷгузории ин нобиғаи илму адаб унвон кард. Вай гуфт, ки дар зодгоҳаш Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро эҳтиром мекунанд ва ҳукумати ноҳия низ ба хотири гиромидошти номи ин абармарди охири қарни XIX ва аввали қарни XX солгарди ӯро ботантана баргузор кардааст.
Номзади илми филология ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Амирхуҷа Абдураҳимов гуфт, ки аҳли фарҳангу илми тоҷик низ пешниҳод доранд, то ба хотири зинда нигоҳ доштани ному пайкори ин шоири ширинсухан дар зодгоҳаш осорхонаи ӯ бунёд шавад ва дар ин махзан тамоми ашъор ва таълифоти ӯ гирдоварӣ шаванд.
Муслиҳиддин Шамсиддин, ягона набераи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти вилояти Хатлону ноҳияи Темурмалик ва Академияи илмҳои Тоҷикистон барои таҷлили 150 – солагии зодрӯзи ин шоири саршинос тақдир кард.
Ба гуфтаи вай, гиромидошти ному пайкори Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ имкон медиҳад, то наслҳои баъдӣ дар бораи ин шоири нуктасанҷ бидонанд ва ашъору таълифоти ӯро аз худ намоянд.
Дар поёни маҳфил барномаи фарҳангӣ – ва фароғатӣ бо ширкати ҳунармандону овозхонони минтақа ва ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ яке аз суханварони нозукбаёну нуктасанҷи тоҷики охири қарни нуздаҳ ва аввали садаи бисти мелодӣ мебошад. Ў дар эҷоди шеър дасти тавоно, тахайюли рангин ва дар хушнависию наққошӣ истеъдоди нодир доштааст. Завқи баланд, истеъдоди фитрӣ ва ҳунарварии вайро донишмандони нуктасанҷ ва аҳли илму адаби Бухорои Шариф ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш эътироф намудаанд. Аксари тазкиранависон ба ашъори рангину ширин ва пурмаънои Ҳоҷӣ Ҳусайн баҳои муносиб ва баланд додаанд. Аз ҷумла, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарами Бухороӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» менависад: «Ҳоҷӣ тахаллуси сухансанҷу волофитрат, дарёнаварду сонеъзамир, саҳронаварду сонеътироз, қаламзану бадеъпардоз, нигорандаи мабонӣ, нигористони маонӣ Мулло Муҳаммади Хатлонӣ. Таҳсили улум ба назди асотизи (устодон) дорулфохира (Бухоро) карда, пайки тараддуд ба ҳар кўча даррасида, абвоби футуҳро дар ҳарб ба рўйи худ кушода, аз ҳар тумане донаро рабуда, пас аз он ба улуфи худ тарки иқомат андохта. Дар он ҷо байни акобиру асокир (хурду калон) эътибори тамом ёфта, ашъори худро ба таркиби девон кашида, дар матбааи Тошканд ба зевари табъ расида».
Ин шоири ширинсухан ва хушнависи зарқалам дар байни мардуми тоҷик бо исми Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ машҳур аст. Ў соли 1868-и мелодӣ дар деҳаи Қарақамиши Кангурти Хатлонзамин дар хонадони Зокир-девонбегӣ чашм ба олам кушодааст. Гузаштагонаш аслан аз деҳаи Даштиканаки собиқ ноҳияи Сарихосоранд, ки шаҷараи онҳо ба Хоҷа Аҳмади Косонӣ, машҳур ба Махдуми Аъзами Даҳбедии Самарқандӣ мерасад.
Падари Муҳаммадҳусайн Раҳим ибни Зокир-девонбегӣ рутбаи мирохўрӣ дошта, дар Норак ва Кангурт ба ҳайси соҳибмансаби давлатӣ ифои вазифа мекард. Ў яке аз шахсони фозили замони худ буда, дар маърифатнок кардани фарзандаш кўшиши зиёде ба харҷ додааст.
Хуршеди ХОВАР,
АМИТ «ХОВАР»





















Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид






