Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов

Октябрь 12, 2018 18:48

ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрўз дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории байниҳукуматии дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бо ташаббус ва сиёсати бобарори хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ  ҳамгироии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҳамасола тақвият ёфта, натиҷаҳои назаррас низ ба даст омадаанд.

Октябрь 12, 2018 18:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид