«АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК». Зиндагинома ва осори илмии беш аз 1600 нафар донишмандон дар таълифи Ёрмуҳаммади Сучонӣ аз чоп баромад

Октябрь 27, 2018 10:39

ДУШАНБЕ, 27.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе  донишномаи (энсиклопедияи)  «Арбобони илми тоҷик (асри ХХ – аввали асри ХХI)» ба табъ расид. Муаллифи онкорманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёрмуҳаммади Сучонӣ натиҷаи ҷустуҷӯи чандинсолаашро дар шакли китоби алоҳида ба хизмати хонандагон гузоштааст.

Дар китоб зиёда аз 1600 нафар намояндагони илми тоҷик муаррифӣ шудаанд. Инҳо зодагону парвардагони Тоҷикистон, ҳамчунин нафарони дар ҷумҳуриамон кору зиндагӣ карда ва донишмандони хориҷи мамлакат, ки меҳвари аслии таҳқиқоташонро соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардумамон ташкил медиҳад, ҳастанд. Ба китоб академикҳо ва аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон, докторони илм (таври истисно баъзе номзадҳои илми сермаҳсул), соҳибони унвонҳои ифтихории Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ворид гардидаанд.

Сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавс Аминов дар сомонаи интернетии ин боргоҳи илму маърифат дар бораи донишномаи мазкур чунин нигоштааст: «Арзишмандтарин китоб, ки ин моҳ интишор шуд. Ёрмуҳаммади Сучонӣ, таърихнигор, фарҳангнавис ва донишноманависи маъруф натиҷаи заҳамоти чандинсолаи худро бо дастгирии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз чоп баровард».

Фирдавс Аминоа ҳамчунин менависад: «Нуктаи муҳим ин аст, ки равияи илмӣ ё мавзӯи асосии таҳқиқоти ҳар як донишманд баён ёфта, осори илмиаш дар шакли китоби алоҳида (рисола, дастуру нишондиҳандаи таълимию методӣ ва ғайра) бо забони асл оварда шудааст.  Ҳамзамон адабиёт  (ҳамчун китоби ҷудогона) оид ба ҳаёту осори донишмандон пешкаши хонанда гардидааст».

Хотиррасон менамоем, ки китоби «Арбобони илми тоҷик (асри ХХ – аввали асри ХХI)» ҷанбаи оммавӣ дошта, аз он доираи васеи хонандагон метавонанд баҳра бардоранд.

Октябрь 27, 2018 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд