Ба Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавӣ дар самти илми бунёдӣ дода шуд
ДУШАНБЕ,12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ҷаласаи VI Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷараёни он иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки ба Институти физикаи Академияи илмҳои Россия ва Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавӣ дар самти илми бунёдӣ дода шавад.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷаласаро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, дар бораи фаъолият ва ҳамкории байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба илми бунёдии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамоҳангии муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти тадқиқоти бунёдии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Шартнома дар бораи таъсиси фонди байнидавлатии илмию тадқиқотии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаҳои илмии ояндадоре, ки ба самтҳои афзалиятноки тадқиқоти бунёдии кишварҳои узви ИДМ мувофиқанд, баррасӣ намуданд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Аз ҷумла, дар бораи соли 2019 баргузор гардидани ҷаласаи VII Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор ба имзо расид.
Баъди анҷоми кори ҷаласа намояндагоникишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар боздид ба амал оварданд.








Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд






