Дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ», ки дирӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди Рӯзи соҳибкорон доир гардид, 13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 15 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди Рӯзи соҳибкорон таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.
Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 баъд аз нимаи рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаш панели алоҳида идома ёфт. Дар доираи он суҳбату вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид. Дар хатми Форум модераторони панелҳо оид ба кори гурӯҳҳо гузориш доданд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид кори панелҳоро натиҷагирӣ намуд. Изҳороти Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 қабул карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор гардида, он сармоягузорону соҳибкорони зиёдеро аз тамоми гӯшаю канори олам ба ҳам меорад. Форуми мазкур дар рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муаррифии шоистаи молу маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар заминаи мустаҳкам мегузорад.













Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






